расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 беш аз 90%-ро ташкил медиҳад

. / Ҷомеа

Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 беш аз 90%-ро ташкил медиҳад

Давоми рӯзҳои истироҳат боз 119 нафар аз ин вирус сироят ёфтанд.


Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
Ба ҳолати то субҳи 19 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 10 ҳазору 493 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 119 кас афзуд.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 80 нафар боқӣ монд.
Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳат қариб 200 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 9 ҳазору 511 нафар ё худ 90,6%-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 39,5 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 млн 108 ҳазору 607 кас фавтиданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.