Маҳви 24 ҷангии толиб дар Ғазнии Афғонистон

Дар музофоти Ғазнии қисми шарқии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

зимни амалиёти навбатӣ 24 силоҳбадасти узви Ҳаракати «Толибон» маҳв ва 9 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Дар миёни онҳо қумандони саҳроӣ Мулло Фирӯз Ҷаҳодӣ низ мебошад. Маълумоти мазкурро намояндагони Вазорати корҳои дохилии ин кишвар низ тасдиқ намуданд. Дар изҳороти мазкур оварда шудааст, ки бо нест кардани Мулло Фирӯз Ҷаҳодӣ амният дар музофоти Ғазнӣ ва атрофи он беҳтар гардид. Ғайр аз ин қайд карда мешавад, ки нуфузи Толибон дар ин ҷо торафт коҳиш меёбад. Тибқи маълумот ҷангиён дар натиҷаи амалиёт ва муҳосираи паноҳгоҳашон несту нобуд карда шуданд. Бояд зикр намуд, ки вақтҳои ахир ҷангиёни ҳаракати “Толибон” дар қисмҳои ҷанубӣ, аз ҷумла музофоти Лугар, Нангарҳор, Ҳилманд ва қисми шимолии кишвар, аз қабили Қундуз, Ҷузҷон ва Парвон амалҳои террористиро бештар намудаанд. Дар баробари ин қисме аз қумандонҳои саҳроӣ ҳамроҳи ҷангиёни худ ба узвияти гурӯҳи ифротгарои бо ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон