расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ронандаи беинтизому қоидаситез ҷазо гирифт

. / Ҳаводис

Ронандаи беинтизому қоидаситез ҷазо гирифт

1032
Чанде пеш дар сомонаҳои интернетӣ навори баҳсбарангези қоидавайронкунии ронанда дар роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Хуҷанд, бахусус хиёбонҳои марказӣ роҳ ёфт. Тавре дар наворҳо дида мешавад ронандаи қоидаситез намоишкорона ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо суръати баланд воситаи нақлиётро идора менамояд. Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ дар шарҳи навори мазкур бетартибию беинтизомии ронандаро мазаммат карда аз мақомоти корҳои дохилӣ дархости санҷиши ҳодиса ва муҷозоти қоидавайронкунандаро талаб кардаанд. 
Милитсияи шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шахсияти ронандаи беинтизомро муайян намуд, ки ӯ шаҳрванд Раҷабов Диёр Бойалиевич, соли таваллудаш 1994, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Кӯлолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад. Тавре Раҷабов нишондод медиҳад ҳолати дар навор инъикос гардида санаи 18-уми сентябри соли 2019 тахминан соатҳои 23:00 ба вуқуъ пайваста, воситаи нақлиёти таҳти идораи ӯ қарор дошта автомашинаи тамғаи «Ауди а-6» аст, ки ба рафиқи хориҷиаш таалуқ дорад ва он замон онҳо барои саёҳат ба шаҳри Хуҷанд омода буданд.
Бо ошкор шудани ҳодиса ва муайян кардани шахсияти ҳуқуқвайронкунанда, нисбати Диёр Раҷабов тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.