расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Мутахассис мувофиқи талаби бозор

. / Иқтисодиёт

Мутахассис мувофиқи талаби бозор


Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахир қонун “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат”-ро қабул кард.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мегӯяд, мутобиқи қонуни мазкур ҷалби соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла корфармоён ва вазорату идораҳои соҳавӣ ба раванди тайёр кардани мутахассисон пешбинӣ шудаст.
Вазир гуфт, корфармоёну вазоратҳои соҳавӣ бевосита дар таҳияи Таснифоти миллии тахассусҳо, стандартҳои ҳар як касб, баҳодиҳӣ ва шаҳодатномакунии малакаи касбии мутахассисони омодашаванда иштирок менамоянд, ки ин алоқамандии бозори меҳнат ва низоми таҳсилоти касбиро қавӣ мегардонад.
“Илова бар ин, ҷорӣ намудани Низоми миллии тахассусҳо барои фаъолияти босамари минбаъдаи мутахассисони дараҷаи гуногун дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидат менамояд”, — хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Амонзода.
Ӯ илова намуд, ки бо васеъшавӣ ва амиқгардии дониш ва фаҳмиши функсионалии таснифоти тахассусӣ,  имконоти ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои дигар зиёд мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.