расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Сӯхтор дар як кӯдакистони шаҳри Бохтар

. / Ҳаводис

Сӯхтор дар як кӯдакистони шаҳри Бохтар

Сурат: Asia-Plus
Субҳи 25-уми ноябр дар  кӯдакистони шумораи 2 -и шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад. 
Бино ба гуфти шоҳидони ҳодиса сӯхтор дар миёнаҳои соати ҳафти субҳ рух додааст.
Аз қисми навбатдории раёсати Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Хатлон хабар доданд, ки соати 7:18 ба онҳо дар бораи сар задани сӯхтор дар боғчаи бачагонаи рақами 2 хабар расидааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ба ҷойи ҳодиса 9 мошини оташнишонӣ сафарбар  шудааст.
Ба гуфти масъулин дар вақти сар задани сӯхтор ҳанӯз кӯдакон ба боғча наомада буданд ва ягон нафар зарар надидааст. Сабабҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида баъдан муайян карда мешавад.



1/2

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.