расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги озодии иқтисод ба таври назаррас поин рафт

. / Иқтисодиёт

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги озодии иқтисод ба таври назаррас поин рафт

Аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум.

Сурат: heritage.org
Коршиносони пажуҳишгоҳи амрикоии Heritage Foundation дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисоди 180 кишвари дунё баҳогузорӣ намуданд.
Муаллифони рейтинг сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ин нишондиҳанда 3.4 банд кам шуд. Ба ин тариқ, ҷумҳурӣ аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум поин рафт.

“Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, лекин ҷумҳурӣ яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ мемонад, ки аксар вақт ба интиқоли пул аз хориҷи кишвар вобастагӣ дорад”, - қайд мекунанд муаллифони рейтинг.
Зинаи баландтаринро байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Қазоқистон - мақоми 39-ум ишгол мекунад. Қирғизистон дар мақоми 81-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 114-ум қарор доранд.
Туркманистон аз Тоҷикистон зинаи пасттар 170-умро ишғол намуда, Русия дар мақоми 94-ум ҷойгир шудааст.
Дар зинаҳои аввали ин раддабандӣ Сингапур, Гонконг ва Зеландияи Нав қарор дошта, зинаҳои охирро Куба, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ ишғол мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.