расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МӮЙСАФЕДҲОИ АВБОШ: БОЗДОШТИ ДУ ПИРАМАРД ДАР ХУҶАНД БАРОИ ҚАСДАН РАСОНДАНИ ОСЕБИ ВАЗНИН

Асосӣ / Ҷомеа

МӮЙСАФЕДҲОИ АВБОШ: БОЗДОШТИ ДУ ПИРАМАРД ДАР ХУҶАНД БАРОИ ҚАСДАН РАСОНДАНИ ОСЕБИ ВАЗНИН

МӮЙСАФЕДҲОИ АВБОШ: БОЗДОШТИ ДУ ПИРАМАРД ДАР ХУҶАНД БАРОИ ҚАСДАН РАСОНДАНИ ОСЕБИ ВАЗНИН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти якбора ду сокини солхӯрдаи шаҳри Хуҷанд бо иттиҳоми қасдан расондани осеби взнин ба саломатӣ хабар дод.
Аз ҷумла пирамарди 71-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ба он гумонбар мешавад,  ки 25-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 13:00, дар манзили истиқоматиаш дар ҳолати мастӣ бо домодаш, сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз сабабе, ки бо духтараш ҷангу ҷанҷол намудааст, муноқиша намуда, бо корди хоҷагӣ ба шикам ва банди дасти чапи домодаш зарба зада,  ба ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Инчунин, марди 66-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба он гумонбар медонанд, ки шаби 21-уми сентябри соли 2023, тахминан соати 22:00, дар чойхонаи ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров дар ҳолати мастӣ бо марди 57-солаи сокини ноҳияи мазкур, бе ягон асос баҳсу муноқиша намуда, 1 маротиба бо корди хочагӣ ба баданаш зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Ба ин ду пирамарди дастгиршуда бар асоси қисми якуми моддаи 110 барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.