ДУ ТАРОНАИ НАВИ НИГИНА АМОНҚУЛОВА (ВИДЕО)


Овозхони шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова ду таронаи нави худ – "Ошиқ шудам” ва "Наврӯз”-ро дар саҳифаи расмиаш дар Ютуб нашр кардааст. Дар ҳавои таронаи "Ошиқ шудам”-и Нигина ситораҳои дигари эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ба рақс даромадаанд.

Нигина Амонқулова, яке аз ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик рӯзи 22 апрел дар саҳифаи расмиаш дар Ютуб ду таронаи нави худро нашр кард.

Нигина Амонқулова таронаи "Ошиқ шудам”-ро дар ҳавои як оҳанги шӯхи омехтаи сабки бандарӣ ва оҳангҳои арабиву туркӣ иҷро кардааст.

Ҳангоми хондани ин тарона, ки студияи "Панҷшер Медиа” сабт кардааст, як идда аз ситораҳои дигари эстрада, аз ҷумла Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед ба рақс даромадаанд.


Таронаи "Наврӯз”, ки дар барномаи наврӯзии телевизиони Тоҷикистон сабт шудааст, низ зери як навои шӯх иҷро шудааст:

Биё даври суманак шабамон рӯз кунем,

Ба лаб оҳангу ғазал ҳама Наврӯз кунем.


Нигина Амонқулова моҳи феврал аз сӯи ширкати "Тоҷиккристалл” "Маҳбубтарин сарояндаи Тоҷикистон дар соли 2016” интихоб шуд. Моҳи март ӯ ҳамчунин ҷоизаи ширкати "Tamoshow” барои беҳтарин овозхонҳои соли кишварро ба даст овард. Дар соли 2016 низ дар як назарсанҷии ширкати "Зеркало” низ аксари пурсидашудаҳо Нигина Амонқуловаро овозхони аз ҳама маҳбуб ном бурда буданд.

Нигина Амонқулова соли 1986 дар Панҷакент ба дунё омада, бо шарофати таронаи "Ранҷида нигорам омад” дар озмуни "Андалеб” маъруфият пайдо кард ва барои идомаи фаъолияти ҳунарӣ ба Душанбе даъват шуд. Нигина Амонқулова дар оғоз асосан бо услуби ретро таронаҳои маъруфи солҳои 60 ва 70-уми асри гузаштаро иҷро мекард, вале дар солҳои охир бештар ба таронаҳои халқӣ ва оҳангҳои модерн, аз ҷумла ба оҳангҳои эстрадӣ рӯ овардааст.

Соли 2016 яке дигар аз солҳои пурбор дар собиқаи ҳунарии ин овозхон буд. Нигина Амонқулова соли 2016-ро бо таронаи "Ёри мусофир” оғоз карда, дар давоми сол чандин таронаи дигарро пешкаши мухлисонаш кард. Аз он миён бахусус таронаи "Гул ба рӯяте” дар иҷрои Нигина Амонқулова ва овозхони ҷавон Фотима Машрабова шӯҳрати зиёд ба даст овард ва ин таронаро дар Интернет то имрӯз якуним миллион нафар тамошо кардаанд.




назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон