расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » КҲФ аз САҲА автомашина ва дастгоҳҳои алоқа гирифт

. / Ҳаводис

КҲФ аз САҲА автомашина ва дастгоҳҳои алоқа гирифт

Дар маросими тақдим раиси Кумита ва роҳбари Дафтари кории САҲА ҳузур доштанд.


Сурат: КҲФ
Имрӯз ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ду автомашина ва 50 дастгоҳи алоқаи радиоӣ тақдим шуд.
Автомашинаҳо ва таҷҳизоти алоқа дар доираи ҳамкории  Дафтари кории Барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар бахши огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва лоиҳаи муштараки БОР “Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои табиӣ” дода шуд.
Дар ин маросим раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Рустам Назарзода ва роҳбари Дафтари кории САҲА Валериу Кивер ҳузур доштанд.

Раиси Кумита ҳамкории дуҷонибаи пурсамар бо САҲА-ро қайд карда, барои дастгоҳи алоқаи техникӣ (ратсия) изҳори миннатдорӣ намуд. Ӯ таъкид дошт, ки техникаи мазкур бешубҳа ба наҷоти ҳаёти бисёр одамон ва сабук кардани кори наҷотбахшон ҳангоми ҳолатҳои фавқулода кумак хоҳад кард.

“Кумаки расида натанҳо техникаи зарурист, балк пеш аз ҳама, ин дастгирии назаррас бари беҳбуди кор дар бахши кумак ба аҳолӣ аст”, - гуфт Назарзода.

Дар навбати худ Кивер таъкид дошт, ки САҲА минбаъд низ бо Кумита дар самти огоҳӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.