расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Вазири тандурустӣ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки COVID-19 Тоҷикистонро тарк кард

. / Ҷомеа

Вазири тандурустӣ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки COVID-19 Тоҷикистонро тарк кард

Роҳбари СҶТ бошад, дар бораи идоракунӣ ва назорати пандемия изҳори назар кард.

Мулоқоти Ҷамолиддин Абдуллозода бо Виктор Олсавски
Сурат: moh.tj
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 1 феврал бо роҳбари нави намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Виктор Олсавски дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба вазъи бемории коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки хушбахтона, аз оғози моҳи январи соли равон то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, дар маҷмӯъ ҷонибҳо дар бораи вазъи соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ табодули назар намуда, ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо изҳори омодагӣ карданд.
Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, роҳбари навтаъйини Созмонро дар Тоҷикистон ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Музаффар Ҳусейнзода низ ба ҳузур пазируфт.
Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони мазкур, аз ҷумла пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав (Covid-19) табодули афкор намуданд.
Дар ҳамин ҳол, дар брифинги рӯзи 1 феврал директори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус чунин изҳори назар кард, ки сирояти коронавирусро метавон идора кард.
Ӯ хотиррасон намуд, ки ҳолатҳои нави сироят аз COVID-19 се ҳафта инҷониб дар саросари дунё кам мешавад ва ҳарчанд ҳоло ҳам кишварҳое ҳастанд, ки дар онҳо афзоиши беморӣ ба назар мерасад, дар сатҳи глобалӣ ин рӯйдоди умедворкунанда аст, хабар медиҳад РБК.
“Ин гувоҳи он аст, ки ҳатто бо назардошти паҳншавии шаклҳои нави вирус, онро метавон идора кард ва агар ба риояи тадбирҳои аллакай санҷидашудаи ҳифзи солимии ҷомеа риоя кунем, метавонем сироятёбиро пешгирӣ карда, ҳаёти одамонро наҷот диҳем”, - зикр кард Гебрейесус.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.