расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Путин сабукиҳои муҳоҷиронро ним соли дигар дароз кард

. / Ҷомеа

Путин сабукиҳои муҳоҷиронро ним соли дигар дароз кард

Акнун имкон дорад муҳлати буду бошро бе гузаштан аз марзи Русия ним соли дигар тамдид кард.

Сурат: ritmeurasia.org
Русия муҳлати будубоши муваққати шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ то 15-уми июни соли 2021 тамдид кард. Дар ин бора раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин фармон содир кард, ки он дар пойгоҳи расмии ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.
Бо ин тартиб Путин қарори додани баъзе аз сабукиҳоро ба муҳоҷирон дар замони ҳамагирӣ то моҳи июни соли 2021 дароз кард. Муҳлати пешинаи иҷрои қарор то 15-уми декабри имсол пешбинӣ шуда буд.
Акнун муҳоҷироне, ки замони сабти иқоматашон ба поён расидааст, бе гузаштан аз марзи Русия метавонанд онро дароз кунанд.  Қарори додани сабукӣ ба муҳоҷиронро дар Русия дар шароите дароз карданд, ки ин кишвар чанд моҳ ба ин тараф ба камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо рӯ ба рӯ аст. Вазорати сохтмони Русия дар оғози ҳафтаи ҷорӣ аз ҳукумат хост, вуруди муҳоҷиронро сабуктар кунад, чун даҳҳо минтақа бахусус дар бахши сохтмон аз норасоии коргарон танқисӣ мекашанд.
Бар асоси ин фармони нави Путин  шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия ҳастанд, зарур нест санадҳои буду боши муваққатии худро, аз қабили раводид, муҳлати ҳуҷати буду бошӣ муваққатӣ ё доимӣ, ё санади ҳаққи иқомаро дароз кунанд. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.