расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Баррасии ҷорисозии низомҳои бехатари маҳсулоти кишоварзӣ дар ОМ

. / Ҷомеа

Баррасии ҷорисозии низомҳои бехатари маҳсулоти кишоварзӣ дар ОМ

Мизи мудаввари минтақавии лоиҳаи ИА оид ба масъалаҳои пешбурди бехатарии ғизоӣ дар минтақа.


Бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон рӯзи 14 октябр мизи мудаввари минтақавӣ баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, мавқеи мувофиқашуда оид ба пешбурди системаҳои бехатарии ғизоии маҳсулоти кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) баррасӣ шуданд.
Вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҷорӣ, ки маҳз бо пандемия ба амал омадааст, мизи мудаввар онлайн (тариқи фосилавӣ) баргузор гардид.
Иштирокчиёни мизи мудаввар масъалаҳои ташаккули шароити мусоиди институтсионалиро, ки барои татбиқи системаи байналмилалии эътирофшудаи стандартҳои бехатарии ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ «GlobalG.AP»-ро, ки пайгирии давраи пурраи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро, аз лаҳзаи харид ё истеҳсоли тухмӣ, ва дигар захираҳои техникӣ ва технологӣ то лаҳзаи истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ фарогир мебошад, муҳокима намуданд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар таҳлили фаврии шароити институтсионалӣ барои татбиқи стандарти GlobalG.A.P. дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод ва муҳокима карда шуд. Таҳлилро Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон» омода намудааст.
Дар мизи мудаввар намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ (мақомоти стандартизатсия, вазоратҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон), ташкилотҳои байналмилалӣ ва ассотсиатсияҳои соҳавӣ иштирок карданд.
Мизи мудаввар аз ҷониби консортсиуми CANDY V таҳти роҳбарии ташкилоти байналмилалии австриягӣ Hilfswerk International дар доираи лоиҳаи "Ҳамгироии минтақавӣ ва баландбардории иқтидори рақобатнокии КМХМ дар агробизнес ва мусоидат ба тиҷорат дар Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) "Central Asia - Invest V" ва Оҷонсии рушди австриягӣ дар якҷоягӣ бо БРСММ дар Ӯзбекистон, лоиҳаи “Мусоидат ба савдо дар Осиёи Марказӣ (Марҳилаи - III)” маблағгузорӣ мешавад, ташкил гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.