расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » БОЗ ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ДАР ҶОИ КОРАШ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Ҷомеа / Ҳаводис

БОЗ ЯК КОРМАНДИ ФУРУДГОҲИ ДУШАНБЕ ДАР ҶОИ КОРАШ ХУДКУШӢ КАРДААСТ

Зафар Ҷалолов, корманди Хадамоти амнияти авиатсионии фурудгоҳи Душанбе, субҳи 14 ноябр дар ҷои кораш худкушӣ кардааст. 
Шерафган Хоҷақулов аз бемаошӣ даст ба худкушӣ задааст, манбаи дигари “Бомдод” аз фурудгоҳ гуфт, ки ӯ мушкили молиявӣ надошт. “Зафар, Худо раҳматаш кунад, ҳатто як андоза бойбача ба ҳисоб мерафт дар Хадамоти амнияти авиатсионӣ”, гуфт ӯ.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Зафар Ҷалолов зодаи минтақаи Кӯлоб ва ҷияни полковники амният Ҷалолзода, сардори собиқи Хадамоти амнияти авиатсионӣ будааст. Ӯ ҳамагӣ 25 сол дошт ва қарор буд, ба наздикӣ издивоҷ кунад.
Ин бори аввал нест, ки кормандони фурудгоҳи Душанбе дар ҷои кор худкушӣ мекунанд.
Шерафган Хоҷақулов, як корманди фурудгоҳи байналмилалии Душанбе25 октябри соли 2020 дар ҷои кораш худкушӣ карда буд. Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган Хоҷақулов ба нишони эътироз ба моҳҳо нагирифтани маош худро бо таппончаи хидматӣ паррондааст.
Ҷамшед Давлатов, тағои Шерафган Хоҷақулов, он вақт гуфт, хоҳарзодааш 9 моҳ боз маош нагирифта буд ва соати 13-и рӯзи 26 октябр, дақиқае чанд пеш аз худро паррондан  ба бародараш паёмак фиристодааст, ки “омада, мурдаи маро аз фурудгоҳ баред”.
Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган Хоҷақулов аз пули хонае, ки иҷора менишаст, 14 ҳазор сомонӣ қарздор  шуда буд ва соҳибхона талаб кардааст, ки хонаро холӣ кунад. Ба гуфтаи наздиконаш, Шерафган ҳамон рӯз бо талаби маош ба маъмурият муроҷиат кардааст, вале вақте маошашро намедиҳанд, ба нишони эътироз худро мепарронад.
Дар фурудгоҳи Душанбе то пандемия тақрибан 1500 нафар кор мекард. Дар давраи пандемия як бахши бузурги коргарони фурудгоҳро ба рухсатии бемузд фиристоданд, вале аз баҳори имсол бо шурӯи дигарбораи парвозҳо ба Русия кор дар фурудгоҳи Душанбе ҳам аз нав авҷ гирифт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.