расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Коронавирус дар Тоҷикистон: чанд рӯзи охир фавт нест

. / Ҷомеа

Коронавирус дар Тоҷикистон: чанд рӯзи охир фавт нест

Рӯзи якшанбе 40 мавриди дигари сироятёбӣ ошкор шудааст

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus
То шоми 25 октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 10 ҳазору 776 нафар расид. Ниҳодҳои масъули Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, рӯзи якшанбе 40 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар як шабонарӯзи охир 53 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9889 (91,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ то кунун дар Тоҷикистон 81 нафар фавтидаанд.
Гуфта мешавад, давоми ин рӯзҳо боз як ҳолати фавт аз ин беморӣ сабт шуда, шумори умумии фавтидагон аз оғози пандемия 75 касро ташкил медиҳад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.