расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Коҳиши даромади нуқтаҳои хӯроки умумӣ бар асари коронавирус, ба ҷуз Хатлон

Асосӣ / Иқтисодиёт

Коҳиши даромади нуқтаҳои хӯроки умумӣ бар асари коронавирус, ба ҷуз Хатлон

Ҳаҷми аз ҳама зиёдтарини коҳиши гардиши савдо дар ин бахш дар пойтахт - беш аз 33% ба қайд гирифта шудааст.

Акси марбута
Сурат: Asia-Plus
Дар муқоиса бо соли гузашта давоми моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши савдои нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо шумули меҳмонхонаву тарабхонаҳо дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 23% кам шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, сатҳи даромад дар ин бахш ба ҷуз вилояти Хатлон, ки дар он ҳаҷми гардиш 8,1% афзудааст, дигар қариб дар ҳамаи минтақаҳои кишвар коҳиш ёфтааст. Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ корхонаҳои хизматрасонии хӯроки умумӣ наздики 108 млн сомонӣ даромад ба даст овардаанд.
Гуфта мешавад, ҳаҷми аз ҳама зиёдтарини коҳиши гардиши савдо дар ин бахш дар пойтахт - беш аз 33% ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми гардиши савдои тарабхонаву қаҳвахона ва ошхонаҳо дар вилояти Суғд қариб 20%, ВМКБ - 19% ва ноҳияҳои тобеи марказ ба миқдори ҳудуди 10% кам шудааст.
Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида, қариб ҳамаи соҳаҳои он зарар диданд.
Дар навбати аввал соҳаҳое осеб диданд, ки дар онҳо хизматрасонӣ ба шумори одамони зиёд дар як вақт дар макони маҳдуд иҷро мешуд.
Аз оғози пандемияи коронавирус бахусус бозори хизматрасонии хӯроки умумӣ осеб дид, зеро мардум аз истифодаи хизматрасонии ин соҳа худдорӣ мекарданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.