расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК БО 10 ЛИТР МАШРУБОТ ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК БО 10 ЛИТР МАШРУБОТ ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ

БОЗДОШТИ ЯК МУСОФИРИ ТОҶИК БО 10 ЛИТР МАШРУБОТ ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ
Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи “Колтсово”-и шаҳри Екатеринбурги Русия дар дасти як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон як қуттии пур аз шишаҳои машруботро дида, ӯро барои тафтиш манъ карданд. Маълум шуд, ки ӯ бо худ 14 шиша арақу портвейн, дар маҷмӯъ 10 литр машрубот доштааст.
Ин мусофир баёнот додааст, ки ин машруботро дар Тоҷикистон бо нархи 160 доллар харида, ҳамчун туҳфа барои шарикони тиҷоратиаш дар Русия бо худ гирифтааст. Ӯ гуфтааст, ки дар бораи маҳдудиятҳои мавҷуда дар роҳи ба Русия ворид кардани машрубот ягон хабар надошт.
Сардори боҷхонаи бахши мусофиркашонии фурудгоҳи “Колтсово” Сергей Боровик шарҳ дод, ки тибқи меъёрҳои ҷорӣ дар Иттиҳоди гумрукӣ, як нафари калонсол метавонад то 5 литр машрубот ворид кунад ва аз ин миқдор танҳо 3 литрашро бидуни пардохт.
“Барои литри чорум ва панҷум бояд барои ҳар литраш 10 евро боҷи гумрукӣ пардохт кунад. Аз 5 литр бештар ворид кардан мумкин нест. Ин маҳдудиятҳо машруботи дар “Duty free” харидашударо низ дар бар мегиранд”, – шарҳ додааст Сергей Боровик.
  1. Нисбат ба мусофири тоҷикистонӣ протокол тартиб дода, ба ӯ танҳо миқдори иҷозатдодашудаи машрубот, яъне 3 литраш, ё 4 шишаро баргардондаанд ва 7 литри дигар, яъне 10 шиша арақу портвейни ӯро феълан ҳамчун бори қочоқӣ мусодира кардаанд. Сарнавишти баъдии ин 10 шиша арақу портвейнро додгоҳ муайян мекунад. Ба мусофири тоҷикистонӣ нафақат ҷарима, балки мусодираи ин 7 литр машруботи қочоқиаш таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.