расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЛАКАЙ 11 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲХАТ ГИРИФТАН. 6 НАФАРАШ – АЗ ДЗЮДО

Асосӣ / Варзиш

ЛАКАЙ 11 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲХАТ ГИРИФТАН. 6 НАФАРАШ – АЗ ДЗЮДО

ЛАКАЙ 11 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК БА ОЛИМПИАДАИ ПОРИС РОҲХАТ ГИРИФТАН. 6 НАФАРАШ – АЗ  ДЗЮДО
Тоҷикистон ба Бозиҳои 33-юми олимпӣ, ки аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар Порис, пойтахти Фаронса доир мешаванд, алакай 11 роҳхат ба даст овардааст. Ин як роҳхат бештар аз 10 роҳхатест, ки варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи қаблӣ дар Токио ба даст оварда буданд. Аз 11 роҳхати олимпӣ  6 роҳхаташро барои Тоҷикистон паҳлавонони тоҷик дар гуштини дзюдо (ҷудо) соҳиб шудаанд, ки ин як нишондиҳандаи рекордӣ дар таъриҳи дзюдои Тоҷикистон аст.
Зимнан, роҳхатти ҳафтум аз дзюдо низ дар ҷайби тими олимпии Тоҷикистон буд. Обид Ҷебов аз лиҳози шумораи имтиёзҳояш бояд ба Олимпиада мерафт, вале тибқи муқаррарот, як кишварро дар як вазн танҳо як нафар метавонад намояндагӣ кунад ва ба ин сабаб ягона роҳхатти Тоҷикистон дар вазни то 66 килоро Эмомалӣ Нуралӣ, ки имтиёзи назар ба Ҷебов бештар дошт,  ба ҷайби худ андохт.
Ба ҷуз аз Эмомалӣ Нуралӣ, ҳамчунин Муҳаммадсолеҳ Қувватов роҳхат дар вазни то 60 кило, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило  Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кило ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 килоро ба даст оварданд. Барои Комроншоҳ ин Олимпиадаи охирин аст ва ӯ ҳатман талош хоҳад кард, то ба собиқаи барҷастаи варзиашро бо медали олимпӣ зиннат бидиҳад.
Шореҳи варзиш Mуҳаммадрозиқ Неъматзод дар гуруҳи фейсбукии Tajik sport навишт, ки Ҷаҳонгир Маҷидов каме дертар ба вазни -100 кг гузашт, вагарна ӯ низ шанси зиёд барои гирифтани саҳмияи олимпӣ дошт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.