расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Шуморо хору зор шудан намемонем: Президент занони Тоҷикистонро ба Рӯзи Модар табрик гуфт

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

Шуморо хору зор шудан намемонем: Президент занони Тоҷикистонро ба Рӯзи Модар табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи модар ба бонувони кишвар пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодатро орзу намуд

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони кишварро бо Рӯзи Модар табрик гуфт.
Ба гуфтаи президент, хеле рамзӣ аст, ки ин ҷашн ба остонаи Наврӯз рост меояд, ки баҳор ва бедории табиатро ифода мекунад.
"Зан-модар сарчашма ва офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо, таҷассумгари зиндаи муҳаббату самимият аст", - зикр кард ӯ.

Сарвари давлат бо васфи зан-модар гуфтааст, ки ҳар яки мо барои шири сафеду ҷонбахш, аллаҳои пур аз умеду орзу, навозишу меҳрубонӣ ва насиҳату дуои модар аз ӯ як умр қарздорем ва наметавонем он заҳмату бедорхобиҳоро ҷуброн кунем.
"Вале ба ҳар ҳол, мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем", - тавсия додааст раисҷумҳур.
Ӯ бо ҷойгоҳи намоёни занон дар ҷумҳури ишора карда мегӯяд, ки бо муҳаббату самимият ва дӯстдориву қадршиносӣ таҷлил намудани Рӯзи модар гувоҳи он аст, ки давлату Ҳукумат ва ҷомеаи кишвари мо қадру манзалати Зан – Модарро гиромӣ ва азиз медоранд.
Кишвардор дар фарҷом ба ҳар модар ва бонуи тоҷик саломатӣ, иқболи нек ва зиндагии босаодати оилавӣ орзу намудааст.
"Шумо – модарони меҳрубон, бонувони арҷманд ва духтарони азиз ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мо – ҷавонмардон ва фарзандонатон шуморо сидқан дӯст медорем, хизматҳои шуморо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем ва шуморо ҳаргиз хору зор шудан намемонем", - таъкид кардааст президент

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.