расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » СИТОРАҲО ДАР САРИ ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ

. / Ҷомеа

СИТОРАҲО ДАР САРИ ДАСТАРХОНИ НАВРӮЗӢ

Ба сарзамини куҳанбунёду ҳамешаҷавони мо боз наврӯзи ҳуҷистапай меояд ва қадами муборакаш замину замонро ҷони тоза мебахшд. Нафаси исодами баҳори муъҷизакор табиати мурдаро дубора эҳё менамояд ва дар гулшани дилҳо низ тухм и умеду орзуҳои нав ба навро мекорад. Мардуми тоҷик ҳамасола ин ҷашни фархундаро бо дасту дили гарм пешвоз мегиранд, зеро Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои мардуми ориёинажод буда, таърихи беш аз 5000 сола дорад.
Ба хотири ошно намудани хонандагони азизамон бо сунннатҳои наврӯзии мардуми Зарафшону Бадахшон, Хатлону Ҳисори шодмон ва дигар манотиқи тоҷикнишин мо бо шахсиятҳои шинохта сӯҳбати гуворое оростем, ки фишурдааш пешкашатон мегардад. Хосияти Зарафшонӣ: Наврӯзи Зарафшон бо отолаи кочӣ ва рақси остинаш зебост Наврӯз ба кӯҳистони мо каме дертар меояд, вале мардуми Зарафшон ба ин ид барвақт тайёриро сар карда, хонаву дари худро тозаву тамиз менамоянд ва суманак мемонанд. Дар рӯ ба рӯи зодгоҳи ман, деҳаи «Гузари боло» шахе ҳаст бо номи Контакӣ. Вақте ки ба ҳамин шах офтоб мерасад, мардум фаро расидани наврӯзро эҳсос намуда, отолаи кочӣ мепазанд ва сӯйи боғи хушманзара мешитобанд. Тамоми занҳо бояд дар рӯзи ҷашни наврӯз куртаи «остин» пӯшанд. Бонувони зарафшонӣ доиразанон ба боғ рафта базми «остин»-ро сар мекунанд. Модари раҳматиам Бибиқимат рақси остинро бисёр зебо иҷро мекарданд. Ёд дорам, замони бачагиамон барои мо духтаракон дар шохаҳои баланди дарахтон арғамчин мебастанд, то бодронӣ кунем. Боз як оини аҷибу зебои наврӯзии мардуми зарафшон тухмҷангак аст. Ман, ки бисёр духтари шӯх будам, тухмҳои сунъӣ сохта чунон рангу бор мекардам, ки онро аз тухми ҳақиқӣ фарқ карда намешуд. Тухмҳои сохта бисёр сахт буданду тухмҳои ҳарифонро ба зудӣ мешикастанд ва ман аз ин комёбии худ фахр мекардам. (механдад) Мардуми Зарафшон дар рӯзҳои наврӯз чи хӯроке, ки пазанд, албатта ба ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Ман имрӯз ҳам ин анъанаи зарафшониро нигоҳ дошта дар иди наврӯз ба ҳамсояҳоям таъом мебарам. Холмуроди Сиддиқ: Суманаки ҳисорӣ мазаи дигар дорад Қадами файзбахши наврӯзро пеш аз ҳама мардуми ҳисори шодмон эҳсос мекунанд, чунки дашту дамани Ҳисор дар фасли баҳор гӯлпӯш гашта, ончунон зебо мешавад, ки чашми касро мебарад. Ёд дорам, дар давраи бачагиам ману ҷӯраҳоям пеш аз иди наврӯз ба талу тепаҳо лолачинӣ мерафтем. Бағал-бағал гулҳои сиёҳгӯшу лола ва алафҳои хӯрданбобро чида, бегоҳ ба деҳа бармегаштем ва ҳамаамон якҷоя бо тамоми овоз суруд мехондем: Наврӯз шуду лолаи хушранг баромад, Булбул ба тамошои дафу чанг баромад. Мурғони ҳаво ҷумла бикарданд парвоз, Мурғи дили ман аз қафаси танг баромад. Занҳои ҳисорӣ дар иди наврӯз ҳам суманаки дегӣ мепазанду ҳам суманаки дегдонӣ. Ман дар тӯли умрам дар минтақаҳои гуногуни кишварамон бисёр суманак хӯрдаам, вале маззаи суманаки Ҳисор дигар аст. Соҳиба Давлатшоева: Шогуни баҳор муборак! Дар Бадахшон дар рӯзи Навруз, агар мардум ба хонаи якдигар раванд, албатта бо худ як шохчаи тару тозаи бедро канда армуғон мебаранд. Вақти ба хона даромадан шахси воридшавада шохчаи тару тозаро ба соҳибхона дароз карда мегӯяд:"Шогуни бахор муборак!".Мизбон бояд дар ҷавоб "Барои шумо ҳам муборак» гуфта, ба китфи рости меҳмон ва ба шохчаи дасташ орд пошад. Орд рамзи ҳаёти осоишта аст ва фоли нек ба шумор меравад. Мардуми Дарвоз дар иди наврӯз аслан хӯрокҳои ширй мепазанд: ширҷой, ширбиринч, ширҷӯш, ширравған, ширбат. Занҳо ин хӯрокҳоро дар хонаҳояшон пухта, баъд ба идгоҳ мебаранд. Мардуми Рушони пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хурокиҳои идона як анъанаи аҷиб доранд. Соҳибхоназан ё мард саҳарии барвакт ба лаби чашма обгирӣ меравад. Касе, ки барои об овардан меравад, бояд аз хона то сари чашма ва аз он ҷо то хона бо касе сухан нагӯяд. Вақти об гирифтан ба даруни сатил чандто сангча андохтан лозим. Ин сангчаҳо рамзи баракат ҳастанд. Оби сангчадорро ба хона оварда як қисмашро ба хамир меандозанду қисми дигарашро барои пухтани боч, ки аз каллаву поча ва рӯдаҳои гӯсфанду гандум нимкуфта ва бокило пухта мешавад, истифода мебаранд. Оби таги сатилро бояд аҳли хонавода кам-кам нӯшанд, чунки он шугуни нек хисоб мешавад.   «Ҳафтсалом»-и наврӯзии Бухоро Дар Бухорои шариф муллохо як ҳафта пеш аз наврӯз дар коғазҳо бо заъфарон «Ҳафтсалом» навишта ба мардум тақсим карда медоданд. «Ҳафтсалом» аз оёти куръоние иборат аст, ки дар он саломҳо ба Нӯҳи Набӣ, Мусои Каломулло, Илёс ва дигар паёмбарон баён карда мешаванд. «Ҳафтсалом»-ро рӯзи Наврӯз дар оби гулгун ё оби тоза тap карда, ин оби муъҷизанокро аҳли оила «ба нияти шифо» гӯён, менӯшиданд. Ин об хусусиятҳои шифобахшандагӣ дошта, маризонро аз дарду ранҷ халос мекунад ва ба муҷаррадон бахти сафед меорад. Мардуми Бухоро дар иди наврӯз ҳатман либосҳои нав мепӯшанд, то зиндагиашон дар соли нав озодаю пур аз файзу баракат гардад. Оташи ғамсӯзи наврӯзи Самарқанд Мардуми Самарканд пеш аз Навруз косаю табак ва дигар зарфҳои лабшикаста, ҷағоварда ва сирпаридаро шикаста мепартоянд. Ин рамз аст, рамзи халос шудан аз шикасту рехти зиндагӣ. Бо партофтани зарфҳои шикаста самарқандиҳо тамоми ғаму дард ва шикастҳои дар тӯли сол дидаашонро аз зиндагии худ дур сохта, аз худованд дар соли нав зиндагии бе шикастро талаб менамоянд. Боз як анъанаи аҷиби наврӯзӣ чоршанбесурӣ аст. Ин маросим дар рӯзи чоршанбеи охири сол гузаронида мешавад. Дар чорроҳа ё дар боғ се гулхани афрухта аз болои оташ меҷаҳанд. Касе, ки аз болои оташ мепарад, бояд бигӯяд: «Ранҷурию ранги зарди ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман. Оташпарак дарду ғамро дар шӯълаи гулхан месӯзонад ва одами аз болои оташ ҷаҳида то соли дигар солиму бардаму хушбахт мегардад. Аловиддин Абдуллоев: Наврӯзи Хатлон сад ранг дорад Наврӯзро бо сад рангу тобиш дидан хоҳед, албатта ба вилояти Хатлон, аниқтараш ба шаҳри Қурғонтеппа биёед. Гумон накунед, ки Аловиддин Абдуллоев маҳалгароӣ мекунад ё лоф зада, шаҳри худро таърифкунон ба осмони ҳафтум бароварданист. Наврӯзи ин ҷо дар ҳақиқат накҳату ҷилои дигар дорад. Сабаб дар он аст, ки одамонро аз минтақаҳои гуногуни кишварамон ба ин водӣ муҳоҷир карда буданд ва то ҳол мардум рамсу русуми маҳалли худро нигоҳ дошта меоянд. Дар иди Наврӯз дар варзишгоҳи мардказии шаҳри Қурғонтеппа самарқандиҳои муқими Хатлон дар як гӯша, уротеппагиҳо дар гӯшаи дигар, ӯзбекҳо дар гӯшаи сеюму қаротегиниҳо дар гӯшаи чорум, хуллас, намояндагони тамоми минтақаҳои кишварамон, ки замоне ба водии Вахш муҷоҷир шуда, дар ҳамин ҷо мондаанд, анъанаҳои наврӯзии худро ба намоиш мегузоранд ва идгоҳ чунон зебо мешавад, ки кас гумон мекунад дар биҳишт сайр карда истодааст. Наврӯзи ин шаҳри бостонӣ мисли рангинкамон ба сад ранг ҷилва карда, чашматонро мебарад. подробнее тдж: https://oila.tj/news/sitorao-dar-sari-dastarkhoni-navrz

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.