расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » “123456”: Осонтарин ва беэътимодтарин рамз (парол)-и серистифода дар соли 2020

. / Ҷомеа

“123456”: Осонтарин ва беэътимодтарин рамз (парол)-и серистифода дар соли 2020


Дар шабакаи интернет рӯйхати рамзҳои (парол) беэътимодтарини корбарон дар соли 2020 пайдо шуд, чунин омӯзишро ҳар сол NordPass нашр мекунад.
Беэътимодии рамзро аз бештар  истифода намудани онҳо муайян мекунанд. Маълум аст, ки бисёре аз корбарон қоидаҳои гигиенаи рақамиро сарфи назар мекунанд ва на танҳо барои ҳамаи аккаунтҳои худ як рамзро истифода мебаранд, балки тартиби мураккаб кардани онро нодида мегиранд ва рамзи содаю осонро интихоб мекунанд.
Имсол рамзи "123456" ғолиби анти-рейтинги NordPass шуд, ки он беш аз 2,5 миллион маротиба истифода шудааст. Дар ҷои дуюм "нусхаи мураккаб" - и варианти аввал - "123456789" қарор гирифт, ки тақрибан миллион маротиба истифода шудааст ва ҷойи сеюмро рамзи нави рейтинг - "picture1" ишғол кардааст.
Ба даҳгонаи “беҳтарин” инчунин  рамзҳои "password", "12345678", "111111", "123123", "12345", "1234567890" ва "senha" дохил шуданд. Ба истиснои "picture1", рамзҳои дигарро аз ин даҳгона хакерон дар ҳошияи камтар аз 10 сония мекушоянд, қайд мекунад NordPass.
Хабар дода мешавад, ки одамон инчунин аксар вақт номи гурӯҳҳо, филмҳо, филмҳои тасвирӣ ва дигар ашёҳоро ҳамчун рамз истифода мебаранд, чунин таркибҳо низ хатарнок ҳисобида мешаванд. Ҳамзамон, тавре ки дар NordPass қайд мешавад, истифодаи пайвастаи чунин рамзҳо метавонад аз пайдоиши тамоюлҳои мушаххас дар ҷомеа шаҳодат диҳад.
“Соли гузашта рамзи «onedirection» дар ҷои 184-ум буд. Имсол вай умуман ба рӯйихат ворид нашуд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки гурӯҳ маъруфияти худро гум кардааст, зеро аъзои он ба кайрераи яккасароии худ шурӯъ кардаанд, ё шояд мухлисони гурӯҳ масъулияти бештар пайдо кардаанд. Имсол, "pokemon" ва "blink-182" ба рамзҳои хеле маъмул табдил ёфтанд – фикр мекунем, ки маъруфияти [аниме ва гурӯҳҳо] дар ҳоли афзоиш аст”, - гуфт сухангӯи NordPass Патритсия Черняускайте ба Motherboard.
Вай инчунин қайд кард, ки имсол таъсири пандемия ва гузариш ба кор ва таҳсили фосилавӣ эҳсос мешавад.
“Мо як тамоюли ҷолибро пайдо кардем - корбари миёна ҳоло нисбат ба аввали соли равон 25% зиёдтар рамзҳоро истифода мебарад. Тибқи таҳқиқоти мо, ҳоло ба ҳисоби миёна ба як нафар тақрибан 100 рамз рост меояд. Ба эҳтимоли зиёд, афзоиши шумораи рамзҳо аз ҳисоби насб кардани барномаҳо замони карантин ба амал омадааст - фарқе надорад, ки онҳо бо кор насб шудаанд ё барои вақтгузаронӣ”, - гуфт Черняускайте.
Барои баланд бардоштани амнияти онлайниатон, коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки аз муҳофизати дудараҷагӣ истифода намоед. Пайванд кардан ба почтаи электронӣ хуб аст, аммо SMS боз беҳтар аст, зеро барои шикастани рамз, хакер бояд аввал ба телефони шумо дастрасӣ пайдо кунад. Илова бар ин, истифодаи як рамз барои аккаунтҳои гуногун тавсия дода намешавад, зеро ин хавфи дуздии онҳоро ба таври назаррас зиёд мекунад. Инчунин зарур аст, ки ҳарфҳои гуногунро дар якҷоягӣ истифода баред, рақамҳо ва аломатҳои махсус кори барномаи рамзшикании хакеронро душвор мегардонад. Доимо навсозиҳои амниятиро пайгирӣ намоед ва ҳар гуна часбҳоро замони пайдо шуданашон саривақт насб кунед.Чӣ тавр рамзи мустаҳкам гузорем ва аккаунтамонро ҳифз кунем?

Бадхоҳон бо шикастани аккаунти шабакаҳои иҷтимоӣ, почтаи электронӣ, аккаунти бонкҳои онлайнӣ ё дигар сомонаю махзанҳои интернетӣ ба маълумоти шахсии корбарон дастрасӣ пайдо мекунанд. Аксаран вақт онҳо барои паҳн накардани маълумот маблағ талаб менамояд ё он маълумоту аксҳоро ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто ҳисоби бонкии корбарро ғорат мекунанд. Ҳарчанд дар Тоҷикистон, ки интернет дар ҳоли рушд аст, чунин ҷиноятҳо кам ба назар мерасанд, баъзан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шикастани саҳифаашон ё почтаи электрониашон шикоят мекунанд.
Яке аз роҳҳои аввалин ва хубтарини ҳифзи аккаунт ва маълумоти шахсӣ гузоштани рамз (парол)-и мустаҳкам аст. Инҷо панҷ маслиҳат аз мутахассисонро борои гузоштан ва ҳифзи рамзи мустаҳкам пешниҳоди Шумо мекунем:

Рамзи алоҳида барои ҳар як аккаунт

Маълум аст, ки ҳар яки мо дар чанд шабакаи иҷтимоӣ саҳифа ва чанд почтаи электронӣ дорем. Барои бехатарӣ бояд ба ҳар яки онҳо рамзи алоҳида гузорем. Чун истифодаи такрории як рамз дар шабакаву сомонаҳои гуногун хатари бузург аст. Агар касе пароли шуморо барои як сомона ё шабака фаҳмад, метавонад ба почтаи электронии шумо ва ҳатто то ҳисоби бонкии шумо дастрасӣ пайдо кунад.

Рамз аз маҷмӯи ҳарфҳо, ададҳо ва аломатҳо

Истифодаи рақамҳо, аломатҳо ва андозаҳои мухталифи ҳарф дар рамз шикастан ё пайдо кардани онро ба ҷинояткорон мушкил мекунад. Масалан, агар рамз аз рақамҳо, аломатҳо ва андозаҳои мухталифи ҳарф иборат бошад, зиёда аз 6 триллион варианти он вуҷуд дорад, ки ин 30,000 маротиба бештар аз рамзи бо ҳарфҳои хурд навишташуда аст. Барои ҳамин истифодаи рақаму ҳарф ва аломатҳои гуногун хеле зарур аст.

Рамзи душвори бе маълумоти шахсӣ

Ҳеҷ вақт дар гузоштани рамз аз солу моҳу рӯзи таваллуд, рақами телефон, мошин, ному насаб ва дигар маълумоти шахсӣ истифода набаред. Барои эҷод кардани рамзи беназире, ки ба маълумоти шахсии шумо вобастагӣ надорад, маҷмӯи ҳарфҳо, рақамҳо ва аломатҳоро интихоб кунед. Шумо инчунин метавонед калимаҳо ё ибораҳои тасодуфиро интихоб кунед ва ҳарфу рақамҳоро дар аввал, миёна ва охири он гузоред, то ёфтани онро душвортар кунед (масалан: Kr0kOdiLKr@s1v). Истифодаи калимаҳо ва ибораҳои оддӣ, аз қабили "парол" ё "парол", таркиби осони ҳарфҳои клавиатура, масалан "qwerty" ё "qazwsx" ё калимаҳои маъруфи пайдарпай, ба монанди "abcd1234", рамзи шуморо сода ва шикастани онро осон мегардонанд.

Имконоти барқарорсозии рамз

Суроғаи иловагии почтаи электрониатонро мунтазам навсозӣ кунед. Яъне почтае, ки шумо ҳамчун суроғаи иловагӣ барои барқарор кардани рамз дар сомонаву шабакаҳои гуногун нишон медиҳед, бояд ҳамеша фаъол бошад. Ин имкон медиҳад, ки шумо рамзи саҳифа ё аккаунтатонро дар вақти зарурӣ, масалан шикастани он аз ҷониби шахсони дигар, зуд иваз намоед. Шумо инчунин метавонед рақами телефони худро барои гирифтани рамзҳои барқароркунии саҳифа истифода баред.
Ҳамчунин дар баъзе сомонаҳо аз шумо хоҳиш карда мешавад саволеро интихоб кунед ва ҷавобашро нависед, ки як роҳи дигари барқарор кардани дастрасӣ ба аккаунти шумо аст. Саволи мушкилтарро интихоб кунед ва ҷавоб низ бояд мушкил бошад, то дигарон онро зуд наёбанд.

Нигоҳдории рамз

Ҳамеша кӯшиш кунед рамзҳоро аз сомонаву шабакаҳои гуногун танҳо дар хотираи худ нигоҳ доред, на дар варақчаю компютер ё телефону мизи корӣ. Чун варақ ё блокнот метавонад ба дасти касони бадхоҳ афтад, ё маълумотро аз компютератон дузданд. Дар ин ҳолат бадхоҳон метавонанд ба осонӣ аккаунтҳои шуморо кушоянд ва ба мақсади худ истифода баранд. Агар шумо хоҳед, ки рамзро дар компютери худ нигоҳ доред, файли онро номи дигар гузоред, на "рамзҳои ман".
Ҳамчунин барномаҳое ҳастанд, ки ба ҷойи шумо ба сомонаю шабакаҳои гуногун рамзи мустаҳкам мегузоранд ва дар хотираи худ нигаҳ медоранд. Масалан: LastPass, KeePass ва дигар барномаҳо.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.