расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ХАБАРИ ҚАТЛИ ПИЛОТИ РУСЕ, КИ САБАБИ МАРГИ ХУШБАХТ ТУРСУНОВ ШУД: ИНТИҚОМИ НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ РУСИЯ Ё...?

Асосӣ / Муҳоҷир

ХАБАРИ ҚАТЛИ ПИЛОТИ РУСЕ, КИ САБАБИ МАРГИ ХУШБАХТ ТУРСУНОВ ШУД: ИНТИҚОМИ НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ РУСИЯ Ё...?

ХАБАРИ ҚАТЛИ ПИЛОТИ РУСЕ, КИ САБАБИ МАРГИ ХУШБАХТ ТУРСУНОВ ШУД: ИНТИҚОМИ НИҲОДҲОИ ҶОСУСИИ РУСИЯ Ё...?  
ГУР - Сарраёсати ҷосусии артиши Украина тасдиқ кард, ки ҷасади Максим Кузминов, пилоти рус, ки як чархболи низомии артиши Русияро бо муҳимоти ҷангӣ ва ду сарнишини дигар, аз ҷумла пилоти зодаи Тоҷикистон Хушбахт Турсунов рабуда, ба  Украина бурда буд, дар Испания пайдо шудааст. Ин ҳодиса моҳи августи соли 2023 иттифоқ уфтод ва Кузминов барои ба украиниҳо супурдани чархбол 500 ҳазор доллар мукофот гирифт.  Хушбахт Турсунов ва як пилоти рус, ки Кузминов онҳоро бехабар бо худ бурда буд, муқовимат нишон доданд ва кушта шуданд.
Расонаҳои Русия навиштаанд, ки "низомиёни Русия замини як амалиёт ба рӯи Максим Кузминов 12 тир холӣ карда, сипас бо мошин сарашро пахш кардаанд ".
Дар робита ба хабари марги Кузминов ду фарзия матраҳ аст: Интиқоми ниҳодҳои ҷосусии Русия барои хиёнати Кузминов ба қасами ҳарбӣ ва эҳтимоли амалиёти махсуси ниҳодҳои ҷосусии Украина барои гӯл задани мақомоти Русия ва мунҳариф сохтани онҳо аз идомаи таъқиби Кузминов.
Марворид Мадёрова, хоҳари Хушбахт Турсунов ба хабаргузории русии “Спутник Тоҷикистон” дар робита ба марги Максим Кузминов, ки боиси кушта шудани бародараш шуда буд, гуфтааст, ки "рӯзи хоин сиёҳ аст. Кузминов, ки дидаву дониста бародари ман ва дигар ҳамкорони худро фурӯхта буд, шармандавор ба қатл расид".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.