“БАЗА”: ЯК ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДАИ ЧАРХБОЛИ МИ-8 ХУРШЕД АЗ ТОҶИКИСТОН БУД
“БАЗА”: ЯК ПИЛОТИ ДАР УКРАИНА КУШТАШУДАИ ЧАРХБОЛИ МИ-8 ХУРШЕД АЗ ТОҶИКИСТОН БУД
Телеграм-канали База, як нашрияи ба мақомоти қудратии Русия наздик, исми ду халабон, ё пилотеро, ки дар дохили чархболи аз вилояти Курски Русия рабудаву ба Украина бурдашуда буданд, муайян кардааст. Яке аз онҳо, ба иттилои ин канал, халабони 28-солаи зодаи Тоҷикистон бо номи Хуршед будааст. Мақомоти ҳарбии Русия дар ин чархбол будани шаҳрванди Тоҷикистонро рад мекунанд. Ин чархболи нисбатан нави соли сохташ 2016 рӯзи 9 август рабуда шуд. 7 сентябр ГУР - Сарраёсати ҷосусии артиши Украина тасдиқ кард, ки ин ниҳод як пилоти русро барои гузаштан ба тарафи Украина ва бо худ ба Украина овардани чархболаш моил кардааст. Ба пилоти рус Максим Кузминов ним миллион доллар ҷоиза додаанд, вале ду пилоти дигар, ки низ дар он чархбол буданд, вале аз таслим шудан саркашӣ карданд, аз байн бурда шуданд.
”База” рӯзи 16 сентябри соли 2023 хабар дод, ки “ҳамроҳи пилот Максим Кузминов, ки чархболро рабуда, ба Украина бурд, дар дохили чархболи Ми-8 боз ду нафари дигар буданд. Яке аз онҳо — Никита, хатмкардаи Академияи ҳарбию ҳавонавардии ба номи Жуковский ва Гагарини шаҳри Воронеж буд. Пилоти дуюм — зодаи Тоҷикистон Хуршед буд. Ин ҷавон ба Русия тибқи мубодила барои таҳсил омада, омӯзишгоҳи ҳавонавардии Сизранро хатм карда буд. Бино ба иттилои “База”, Никита ва Хуршед ҳарду ҳамсинни Кузминов буда, 28-солӣ доштанд. Онҳо ҳама якҷоя дар шаҳри Черниговкаи кишвари Приморйе хидмат мекарданд”.
“База” дар гузоришаш таъкид кардааст, ки бо ин ҳол, ба наздикони Никита ва Хуршед дар бораи сарнавишти онҳо то ҳол расман ягон хабар надодаанд.
Вазорати мудофиаи Русия билофосила ҳамон рӯзи 16 сентябр хабари дар чархболи моҳи август ғайбзадаи тамғаи Ми-8 будани шаҳрванди Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, дар ҳайъати экипажҳои Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русия танҳо шаҳрвандони Русия хидмат мекунанд. Аммо ин вазорат ҷузъиёти дигари хабари Телеграм-канали “База”, аз ҷумла Никита ва Хуршед ном доштани ду пилоти дигарро шарҳ надодааст. Гузашта аз ин, “База” дар хабараш Хуршедро “зодаи Тоҷикистон” номида буд, на “шаҳрванди Тоҷикистон”. Комилан имкон дорад, ки Хуршед мисли даҳҳо афсари дигари тоҷик шаҳрвандии Русияро гирифта бошад, то ҳаққи хидмат дар саффи Қувваҳои ҳавоию кайҳонии артиши Русияро ба даст биорад.