расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » УКРАИНА ҶАСАДИ ПИЛОТИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО БА РУСИЯ ДОД. ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР КОНИБОДОМ БА ХОК МЕСУПОРАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

УКРАИНА ҶАСАДИ ПИЛОТИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО БА РУСИЯ ДОД. ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР КОНИБОДОМ БА ХОК МЕСУПОРАНД

УКРАИНА ҶАСАДИ ПИЛОТИ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО БА РУСИЯ ДОД. ХУШБАХТ ТУРСУНОВРО ДАР КОНИБОДОМ БА ХОК МЕСУПОРАНД
Украина ҷасади халабонҳои кушташудаи чархболи рабудашудаи МИ-8 Хушбахт Турсунови 35-сола ва Никита Кирянови 28-соларо дар чорчӯби даври навбатии табодули ҷасадҳо ва асирон баргардонд. Никита Киряновро алакай дар зодгоҳаш, минтақа Олтой (Алтай) ба хок супурдаанд. Рӯзи 1 октябри соли 2023 дар мурдахона ё морги Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ дар шаҳри Ростови лаби Дон, ки ҷасадҳои аксари кушашудагон дар ҷанги Украинаро ба ҳамин морг меоранд, ҳама ташхисҳои тиббию додгоҳии ҷасади Хушбахт Турсунов низ анҷом гирифта, ҷасади ӯ аз ҷониби наздиконаш шиносоӣ шудааст. Акнун ҷасади Хушбахт Турсунов ба Екатеринбург, маҳалли зисти оилааш мефиристанд. Дар Екатеринбург маросими дифоъ  бо пилоти кушташуда бо иҷрои расму русуми ҳарбӣ, аз ҷумла тирпарронӣ ба ҳаво, анҷом дода мешавад ва сипас ҷанозаи Хушбахт Турсуновро барои дафн ба зодгоҳаш, шаҳри Конибодоми Тоҷикистон мефиристанд.
Фарзона, ҳамсари Хушбахт Турсунов дар мусоҳиба бо нашрияи русии “База” нақл кард, ки музокирот барои табодули ҷасадҳо бо Украина тақрибан якуним моҳ тӯл кашид. Гӯё ҷониби Украина барои ҳар ҷасад озод кардани ду асири украинӣ, яъне дар умум дар ивази ҷасадҳои штурман ва техники чархболи МИ-8 раҳо кардани 4 асирро талаб доштааст. Маълум нест, ки тавофуқи ниҳоӣ бар асоси кадом шарту шурут ба даст омадааст, вале ҷониби Украина дар ниҳоят ҷасадҳои ҳарду пилоти кушташударо ба Русия баргардонд.
Фарзона дар мусоҳибааш бо “База” сарусадоҳо дар бора аз ҷониби украиниҳо таҳқир шудани ҷасадҳо ва гӯё ҳатто буридани бинии Хушбахтро рад карда, гуфтааст, ҷасадҳо, албатта, вайрон шуда буданд, вале сабаби он метавонист шароити нодурусти нигоҳдориашон шуда бошад, на бадрафторӣ.
Аз Хушбахт Турсунов як писар боқӣ монд, ки ҳамагӣ 8 сол дорад.  “Ҳеҷ бовараш намеояд. Ҳар шаб ба падараш занг мезанад, кӯшиш мекунад, ки тамос бигирад ва суҳбат кунад. Вале ин кор муяссараш намешавад ва ӯ навмедона ба гиря медарояд. Ҳамин тавр ашк дар чашм хобаш мебарад …” -  нақл кардааст Фарзона ба “База”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.