расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ 16 ТО 20 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВОИ САРД БО БАРФУ БОРОН ВА ЯХБАНДОНРО ПЕШБИНӢ МЕКУНАНД

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ 16 ТО 20 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВОИ САРД БО БАРФУ БОРОН ВА ЯХБАНДОНРО ПЕШБИНӢ МЕКУНАНД

АЗ 16 ТО 20 ФЕВРАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ҲАВОИ САРД БО БАРФУ БОРОН ВА ЯХБАНДОНРО ПЕШБИНӢ МЕКУНАНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба самъи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, аз 16 то 20 феврали соли 2024 др қаламрави ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шадидан пойин рафта, дар водиҳо борон борида, ба барф хоҳад печид. Дра ноҳияҳои кӯҳистони ҷумҳурӣ боришоти шадиди барф ва дар роҳҳои кӯҳистон ҷамъ шудани барфтӯдаҳо ва яхбандон пешбинӣ карда мешавад. 
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон ва меҳмонони Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурати оҷил бо роҳҳои кӯҳистон сафар накунанд, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҳезумчинӣ ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ варзида, ҳангоми шарм кардани хоназо ва истифодаи дастгоҳҳои гармидиҳанда ва бухориҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя кунанд.
 Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:
– Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.