расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » НОМҲОИ АЗ ҲАМА МАЪРУФИ СОЛИ 2023: ПИСАРОНА – МУҲАММАД, АБДУЛЛОҲ ВА ЮСУФ, ДУХТАРОНА – ФОТИМА, СУМАЯ ВА ОИША

Асосӣ / Ҷомеа

НОМҲОИ АЗ ҲАМА МАЪРУФИ СОЛИ 2023: ПИСАРОНА – МУҲАММАД, АБДУЛЛОҲ ВА ЮСУФ, ДУХТАРОНА – ФОТИМА, СУМАЯ ВА ОИША

НОМҲОИ АЗ ҲАМА МАЪРУФИ СОЛИ 2023: ПИСАРОНА – МУҲАММАД, АБДУЛЛОҲ ВА ЮСУФ, ДУХТАРОНА – ФОТИМА, СУМАЯ ВА ОИША
Хабаргузории “Азия Плюс” менависад, ки тамоюли номгузорӣ дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, дар солҳои охир чандон тағйир наёфтааст ва ҳамчунон номҳои мусалмонӣ дар мӯд боқӣ мондаанд. Вале талошҳои мақомоти Тоҷикистон самар додааст, зеро дигар касе ба фарзанди худ Зоғу Зоғчаву Майна ё Сангу Сафолу Кетман ном намемонад.
Дар вазорати адлияи Тоҷикистон ба “Азия Плюс” хабар доданд, дар соли 2023 номи аз ҳама маъруфи писарона дар ҷумҳурӣ Муҳаммад буд ва 4853 падару модар фарзанди худро ба шарафи Паёмбари Ислом (с) Муҳаммад ном гузоштаанд. Ҳамин тавр, 4081 нафар  фарзанди худро ба шарафи падари Паёмбар Абдуллоҳ ном гузоштаанд, ки маънояш Бандаи Аллоҳ аст.
Номҳои дигари писаронаи маъруфи соли 2023 дар Тоҷикистон инҳоянд: Абдураҳмон (3527 падару модар ин номро интихоб кардаанд), Юсуф (3001), Умар (2751), Иброҳим (1857), Имрон (1709), Сомон (1696), Абубакр (1225) ва Аҳмад (794).
________________________________________
Дар байни номҳои духтарона низ номҳои бо дини Ислом алоқаманд маъруф буданд. Ҷои аввалро дар байни номҳои духтарона Фотима гирифт. Соли гузашта 4018 падару модар фарзанди худро ба шарафи духтари Паёмбар Фотима ном кардаанд. Номҳои дигари маъруфи духтарона дар Тоҷикистон дар соли 2023 инҳо будаанд:  Сумайя (2998), Оиша (2321), Марям (1956), Зайнаб (1405), Осия (1354), Хадиҷа (1021), Кибриё (987) ва Амина (789).

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.