расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАВСУМА МУИНӢ БА ҶОИ ДИЛРАБО МАНСУРӢ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

МАВСУМА МУИНӢ БА ҶОИ ДИЛРАБО МАНСУРӢ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУД

МАВСУМА МУИНӢ БА ҶОИ ДИЛРАБО МАНСУРӢ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ИНТИХОБ ШУД
Рӯзи 7 феврали соли 2024 дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон масъалаи интихоби муовини нави раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ шудааст. Маркази матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки ба ин мақом вакилон Муинӣ Мавсума Муинзодаро интихоб кардаанд. Мавсума Муинӣ дар пайи ин аз ҳайъати кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният бароварда шуд. Курсии муовини раиси Маҷлиси намояндагон аз рӯзи 29 январи соли 2024 дар пайи ба ҷои Матлубахон Сатториён муовини сарвазир интихоб шудани Дилрабо Мансурӣ холӣ шуда буд.
Мавсума Муинӣ аз кадрҳои ҷавон ва ояндадори ҳукумати кунунӣ ба шумор рафта, бо вуҷуди синни ҷавонаш алакай таҷрибаи кор дар чандин мансаби баландро дорад. Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1998 мактаби миёнаи №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло ва соли 2003 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро низ бо дипломи аъло хатм кардааст ва соли 2019 маълумоти дуюми худро аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба даст овардааст.  
Ӯ соли 2019 дар мавзӯи “Иштироки ҷавонон дар дигаргунсозии иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2018)” рисолаи номзадиашро ҳимоя карда, унвони номзади илмҳои таърихро ба даст овардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.