расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ИСТАРАВШАН: БАРОДАР БАРОДАРИ ҲАМХУНРО КОРД ЗАДУ ШАВҲАР - ҲАМСАРИ ҲОМИЛААШРО

Асосӣ / Ҷомеа

ДУ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ИСТАРАВШАН: БАРОДАР БАРОДАРИ ҲАМХУНРО КОРД ЗАДУ ШАВҲАР - ҲАМСАРИ ҲОМИЛААШРО

ДУ МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ИСТАРАВШАН: БАРОДАР БАРОДАРИ ҲАМХУНРО КОРД ЗАДУ ШАВҲАР - ҲАМСАРИ ҲОМИЛААШРО 
Милитсия аз ошкор шудани ду муноқишаи хунини оилавӣ дар шаҳри Истаравшан хабар дод. Дар як ҳолат яке бародари хунии худашро корд задааст ва дар як ҳолати дигар домод аз Панҷакент - ҳамсари ҳомилаашро. Сокини шаҳраки Ваҳдати ҷамоати Гули Сурх Маҳмудов Шоҳрӯз Саноқулович, соли таваллудаш 1994, ки шаби 28 январи соли 2024, тақрибан соати 22, дар ҳолати мастӣ ба қафаси синаи бародараш Шодмеҳр Маҳмудӣ як зарбаи корд задааст, ҷараёни ҳодисаро чунин нақл кард: “Ман дар меҳмонхонаамон дароз кашида, мусиқӣ гӯш мекардам. Вай (ҷабрдида Шодмеҳр Маҳмудӣ) талаб кард, ки мусиқиро паст кунам. Ман каме паст кардам овозашро ва ба гӯш карданам идома додам. Вале табъи вай нохуш буд, ба фикрам, ки омаду маро 4 маротиба зад. Аз ин ҷаҳли ман ҳам омаду дар ҳавои мастӣ яке задам. Намехостаму баногоҳ чӣ хеле шуд...”
Ҳамин тавр, шоми 19 январи соли 2024, тақрибан соати 19, шаҳрванд Асадов Шаҳзод Қамарович,  соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан сокини деҳаи Қалъачаи Баковул дар канори шаҳри Истаравшан ба шиками ҳамсараш Норқулова Хуршеда Кимсановна як зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст. Он ҳам дар ҳоле ки Хуршеда ҳомила буд.
Шаҳзод Асадов эътироф кард, ки муноқишаи онҳо аз рашк сар задааст: “Ман бо телефон бо як зани бегона гап мезадам, ки вай ногаҳон ба хона даромад ва ҷанҷолро сар кард. Ман ду шаппотиаш задаму гуфтам, ки ҷим шин. Вале вай боз баландтар ғалоғӯла кард. Маст ки будам, нафаҳмидам, чӣ хел корд ба вай расидааст...” Хушбахтона,  табибон тавонистанд ҳам Хуршеда Норқулова ва ҳам тифли батни ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.