расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МИЛИТСИЯ ХАБАРИ ДАР ТОҶИКИСТОН ПАНОҲАНДА ШУДАНИ ФАЛАСТИНИҲОРО РАД КАРД (АКС)

Асосӣ / Ҷомеа

МИЛИТСИЯ ХАБАРИ ДАР ТОҶИКИСТОН ПАНОҲАНДА ШУДАНИ ФАЛАСТИНИҲОРО РАД КАРД (АКС)

МИЛИТСИЯ ХАБАРИ ДАР ТОҶИКИСТОН ПАНОҲАНДА ШУДАНИ ФАЛАСТИНИҲОРО РАД КАРД (АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳрванди Душанбе шоми 24 январи соли 2024 бо нашри як баёнияи вижа гуфт, “хабари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин асоси воқеӣ надорад” ва аксе, ки дар Интернет мечархад, дар асл акси ду сайёҳ аз як оила аз Урдун аст, ки барои тамошо ба Тоҷикистон омадаанд. Бино ба иттилои милитсияи Душанбе, ахиран дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри аксҳои ҳайъати як оила хабарҳое нашр гардид, ки гӯё ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Фаластин ҳамчун гуреза шуда омадаанд ва ба кумак эҳтиёҷ доранд. 
Аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ҳолати мазкур мавриди санҷиш қарор дода шуд ва дар натиҷа муайян гардид, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад. “Шаҳрвандоне, ки дар расмҳои нашргардида инъикос ёфтаанд, аъзои як оила буда, зодагони давлати шоҳигарии Урдун мебошанд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия ба онҳо раҳнамоиҳои ҳуқуқӣ расонида шуд. Зимнан муайян карда шуд, ки онҳо ба меҳмонхона ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ таъмин буда, ба кумаки моддӣ эҳтиёҷ надоранд. Зимни суҳбат номбурдагон аз меҳмоннавозии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуданд”, - гуфта мешавад дар баёнияи милитсияи пойтахт.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.