расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ОШКОР ШУДАНИ ФОҲИШАХОНА ВА БОЗДОШТИ ЯК ДАЛЛА (“МАМА РОЗА”) ДАР ШАҲРИСТОН

Асосӣ / Ҷомеа

ОШКОР ШУДАНИ ФОҲИШАХОНА ВА БОЗДОШТИ ЯК ДАЛЛА (“МАМА РОЗА”) ДАР ШАҲРИСТОН

ОШКОР ШУДАНИ ФОҲИШАХОНА ВА БОЗДОШТИ ЯК ДАЛЛА (“МАМА РОЗА”) ДАР ШАҲРИСТОН 
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 16 январи соли 2024
Зани 41-солаи сокини ноҳияи Шаҳристон, ки соли 2014 бо моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. Гумонбаршаванда, аз 3-юми январи соли 2023 то 16-уми декабри соли 2023, хонаи истиқоматии марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳияро ба иҷора гирифта, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 34 ва зани 46-солаи сокинони ноҳияи Шаҳристон шароит муҳайё намуда, бар ивазаш 600 сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.
хххххххххххх
14-уми январи соли 2024, тахминан соати 18:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Партопов Малик Ёқубович, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳ ба самти шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди шаҳраки Сайхуни ҷамоати деҳоти Д.Холматови ноҳияи Б.Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Хуҷаев Алишер Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Хуҷаев А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.