расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО СОКИНИ ИН КИШВАРРО ҚАЛБАКӢ ДОНИСТА, БЕКОР КАРД

Асосӣ / Ҷомеа

ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО СОКИНИ ИН КИШВАРРО ҚАЛБАКӢ ДОНИСТА, БЕКОР КАРД

ДОДГОҲИ РУСИЯ НИКОҲИ ЯК ЗАНИ ТОҶИК БО СОКИНИ ИН КИШВАРРО ҚАЛБАКӢ ДОНИСТА, БЕКОР КАРД
Додгоҳи шаҳри Ханти-Мансийск дар минтақаи Шимоли дури Русия никоҳи як зан аз Тоҷикистон бо марди сокини ин шаҳрро қалбакӣ дониста, бекор кард.
Додситонии ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Югра рӯзи 15 январи соли 2024 хабар дод, ки ин ҳолати ақди никоҳи қалбакиро додситонии ҳавзаи Ханти-Мансийск ошкор кардааст.
 “Муайян карда шуд, ки моҳи сентябри соли 2021 шуъбаи ЗАГСи шаҳрдории Ханти-Мансийск ақди никоҳи як зани шаҳрванди Тоҷиктстон бо сокини шаҳри Ханти-Мансийск – шаҳрванди Русияро сабт кардааст. Дар пайи ақди никоҳ зани хориҷӣ ҳаққи иқомати муваққат дар қаламрави Русияро ба даст овардааст Аммо аз замони сабти никоҳашон ин зану шавҳар ҳамроз зиндагӣ накардаанд, хоҷагии умумиро пеш намебурданд ва ягон молу мулки умумӣ надоштанд”, - гуфта мешавад дар иттилоия. Худи ин зани тоҷик, ки никоҳашро бекор кардаанд, барои шарҳи қазия дастрас нест. 
Ин ягона мавриди ба ақди никоҳҳои қалбакӣ айбдор шудани зодагони Тоҷикистон дар Русия нест. Муҳоҷирони зиёде дар Русия ба хотири бо роҳи осонтар ба даст овардани ҳаққи иқомат ва дар оянда ба даст овардани шаҳрвандии Русия аз никоҳ бо сокинони Русия, аз ҷумла аз никоҳҳои қалбакӣ истифода мебаранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.