расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Никоҳ суннат аст, аммо қайди расмии он кафолати таъмини ҳуқуқҳои шаҳрванд мебошад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Никоҳ суннат аст, аммо қайди расмии он кафолати таъмини ҳуқуқҳои шаҳрванд мебошад


Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлия ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад.
Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
Яке аз марҳилаҳои муҳимми татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Асноди ҳолати шаҳрвандӣ ин амали шаҳрванд ё ҳодисаест, ки боиси ба вуҷуд омадан, тағйир додан ва қатъ намудани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо гардида, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян менамоянд.
Ҳамаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ, аз ҷумла санад оид ба таваллуд, вафот, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ, фарзандхондӣ, муқаррар кардани падарӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падар, ворид намудани ислоҳ, тағйирот, илова, барқарор ё бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдгирии давлатиро талаб менамояд.
Сабти ақди никоҳ чаро зарур аст?
Тавре зикр карда шуд, ақди никоҳ низ бақайдгирии ҳатмии давлатиро талаб менамояд. Яъне, ақди никоҳ замоне расмӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои қонун дониста мешавад, ки он дар мақомоти зиддахли давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошад.
Муҳимияти бақайдгирии ақди никоҳ дар он аст, ки он муносибатҳои оилавиро таҳти ҳимояи давлат қарор медиҳад. Яъне, пас аз издивоҷ ва бақайдгирии ақди никоҳ муносибатҳои ҳуқуқии зану шавҳар тибқи Кодекси оилаи Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Мутобиқи кодекси мазкур танҳо он ақди никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (дар ҷамоат ё сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ҷои истиқомат) ба қайд гирифта шудааст.
Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳатто дар мавриди бастани никоҳи динӣ ҳам, шаҳрвандон бояд муносибатҳои худро дар идораи САҲШ ба қайд гиранд.
Ҷанбаъҳои муҳими сабти ақди никоҳ, ки ҳар кас бояд донад
Дар ҷомеаи суннатии тоҷик андешаи шахшудае роиҷ аст, ки гӯё ақди никоҳи расмӣ танҳо дар сурате лозим мешавад, ки зану мард аз ҳам ҷудо шаванд. Дар асл, ин фикр хато аст ва дар раванди зиндагии якҷоя ва хушбати оилавӣ зану мард ва фарзандони онҳо ба ақди никоҳи расмӣ эҳтиёҷи зиёд пайдо мекунанд.
Пеш аз ҳама, дар ҳолати сабти ақди никоҳ зану шавҳар дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои қонунӣ мегарданд. Агар ба таври сода шарҳ диҳем, пас аз сабти расмии ақди никоҳ муносибатҳои минбаъдаи зану мард озод набуда, дар асоси қонун ба танзим дароварда мешавад ва дар ҳолати сар зани ҳар гуна баҳси ҳуқуқӣ дар асоси қонун ҳаллу фасл карда мешавад.
Масалан, зану шавҳаре, ки ақди никоҳи онҳо расман ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқи баробар ба меросро пайдо мекунанд ва фарзандони онҳо вориси бечунучарои онҳо дониста мешаванд.
Фарзани онҳо ҳангоми гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, шиноснома ва анҷоми ҳар гуна раванди ҳуҷҷатгузорӣ ба мушкил гирифтор намешавад.
Дар сурати вафот кардани зан ё шавҳар, дуюмӣ метавонад пасандозҳои нафақавӣ, ёрдампулии давлатӣ ва ба ин монанд кӯмакпулиҳои иҷтимоиро гирад.
Ғайр аз ин, ҳангоми ҳадяи амвол ё коғазҳои қиматнок ба ҳамсари худ, зану шавҳар аз пардохти андоз озоданд.
Илова бар ин, дар сурати боз кардани парванда, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки нисбати ҳамдигар нишондод надиҳанд. Дар сурати надоштани қайди расмии ақди никоҳ, надодани нишондод барои ҳарду ҷониб паёмади ҳуқуқӣ дорад.
Ҳамчунин, дар ҳолати аёдати бемори вазнин ё дастрас намудани маълумот оид ба вазъи ӯ ҳуқуқҳои волидон, ҳамсарон ва фарзандон ҳифз карда мешавад.
Ҳифзи манфиатҳо ҳангоми азҳампошии оила
Ягона санаде, ки дар ҳолати аз ҳам пошидани оила ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ҷонибҳоро муайян ва ҳизф мекунад, ақди никоҳи расмӣ мебошад. Агар зану шавҳар ақди никоҳи расмӣ надошта бошанд, ҳангоми ҷудо шудан, наметавонанд манфиатҳои худро тариқи суд ҳимоя намоянд, аммо агар ақди никоҳи онҳо дар мақомоти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошад, онҳо метавонанд ба суд муроҷиат намоянд ва манфиатҳои худро ҳимоя кунанд.
Қабл аз ҳама, зану мард ҳуқуқ ба моликият пайдо мекунанд. Ҳамаи он моликияте, ки онҳо дар давраи зиндагии муштарак ба даст меоранд, моликияти умумӣ дониста мешаванд ва ҳарду ҷониб ба он ҳуқуқи баробар доранд. Яъне, дар сурати ақди никоҳи расмӣ доштанд, яке аз ҷонибҳо наметавонад, ба ҳамаи молу мулк соҳиб шавад ва ҷониби дигар бо дасти холӣ дар кӯча монад.
Паҳлӯи дигари масъала, ин эътирофи кӯдак мебошад. Агар ақди никоҳи зану шавҳар расман ба қайд гирифта шуда бошад, онҳо ҳуқуқи баробарро ба кӯдак доранд ва ҳангоми бақайдгирии таваллуди кӯдак, падару модари ӯ мушаххас зикр карда мешаванд. Агар ақди никоҳи зану шавҳар қайди расмӣ надошта бошад, дар шаҳодатномаи кӯдак номи падари кӯдак зикр намешавад, ки он минбаъд мушкили эътирофи падариро ба миён меорад. Яъне, кӯдак наметавонад, ба вориси қонунии падари биологии худ бошад, агар дар оянда тавассути суд падарии кӯдак собит нагардад.
Ҳамчунин, агар ақди никоҳи зану шавҳар расман ба қайд гирифта нашуда бошад, барои кӯдак муайян кардани пардохти алимент низ мушкил мегардад.
Дар сурати надоштани ақди никоҳи расмӣ, зани ҳомиладоре, ки аз шавҳараш ҷудо мешавад, барои ситонидани пардохтҳои қонун муайянкарда ба мушкил рӯ ба рӯ мегардад.
Раванди бақайдгирии ақди никоҳ
Ҳамакнун, ки дар хусуси муҳимият ва зарурат бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва инчунин, паёмадҳои ба никоҳҳои ғайрирасмӣ маълумот пешниҳод шуд, зарур аст, ки оид ба раванди бақайдгирии давлатии ақди никоҳ низ маълумот пешниҳод гардад.
Зану марде, ки мехоҳанд, издивоҷ кунанд ва ақди никоҳи худро расман ба қайд гиранд, бояд дар бораи бастани никохи расмӣ бо аризаи якҷоя ба мақомоти бақайдгирандаи ақди никоҳ ба ҷамоат (агар дар деҳа зиндагӣ кунанд) ё ба шуъбаи САҲШ дар ҷойи истиқомати яке аз ҷонибҳо ё падару модари онҳо муроҷиат кунанд.
Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз як моҳ аз рӯзи муроҷиат анҷом дода мешавад ва ба зану шавҳар шаҳодатномаи ақди никоҳ дода мешавад. Аз он лаҳза, зану мард расман издивоҷ мекунанд ва оила бунёд менамоянд.
Дар хусуси раванди бақайдгирии давлатии ақди никоҳ, аз ҷумла, мақомоти бақайдгиранда, ҳуҷҷатҳои талабшаванда, намунаи ариза, муҳлати бақайдгириву пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин раванд, метавон аз сомонаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дастрас намуд.
Аҳдномаи никоҳ
Як нуқтаи дигаре, ки зикр кардани он зарур аст, ин аҳдномаи никоҳ мебошад. Шурӯъ аз соли 2011 дар қонунгузории кишвар тағйирот ворид карда шуда, ба он мафҳуми аҳдномаи никоҳ ворид гардид, ки то ҳол дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмул нест.
Аҳдномаи  никоҳ - созишномаи шахсоне мебошад, ки  никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молу мулки ва ӯҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношӯӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.
Аҳдномаи  никоҳ метавонад, ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношӯӣ баста  шавад. Аҳдномае, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рӯзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад.
Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.
Аҳдномаи  никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад.
Ин аҳднома тамоми муносибатҳои зану мардро дар давраи издивоҷ ва баъди он мушаххас мекунад ва ҳангоми азҳампошии оила санади муҳими танзимкунандаи муносибати минбаъда дониста мешавад.
Дар Тоҷикистон маъмулан зану мард чунин аҳднома намебанданд ва бино ба маълумоти САҲШ дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 5 аҳднома имзо шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.