расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЧАРО ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД РОҲИ АЗ ЧИН ҶУДОИ ТАЙВАНРО ТАРАФДОРӢ НАКАРДАНД?

Асосӣ / Ҷомеа

ЧАРО ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД РОҲИ АЗ ЧИН ҶУДОИ ТАЙВАНРО ТАРАФДОРӢ НАКАРДАНД?

ЧАРО ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД РОҲИ АЗ ЧИН ҶУДОИ ТАЙВАНРО ТАРАФДОРӢ НАКАРДАНД?
Рӯзи 13-уми январи соли 2024 дар як интихоботи таърихӣ  дар Тайван Вилям Лай (Лай Синдэ), як сиёсатмадори тарафдори истиқлоли ин ҷазира, ки дар Пекин ӯро ҷудоиталаб мешуморанд,ғолиб омад. Пирӯзии Вилям Лай ба маъноест, ки сокинони Тайван майли чандоне барои пайвастан ба Чин (Хитой) надоранд ва бо интихоби Лай нишон доданд, ки роҳи онҳо аз роҳи Чин ҷудост.
Пас аз эълони натиҷаи ниҳоӣ ва бурди Лай дар интихоботи президентӣ, Чин фавран ва бо асабоният бори дигар таъкид намуд, ки "ҷазираи Тайван бахше аз кишвари Чин аст".
Аммо Лай дар аввалин суханронии худ изҳор дошт, ки Тайван дар роҳи бозгаштнопазир қарор дорад. "Кишвар ҳаракат ба масири дурустро идома хоҳад дод, мо ба ақиб бар намегардем", - гуфт Лай.
Амрико, Британия ва баъзе аз кишварҳои аврупоӣ, ки муттаҳидони Тайван ба ҳисоб мераванд, Лайро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфтаанд.
Аммо ҳампаймонҳои Чин дар пайи пирӯзии истиқлолҷӯён дар интихоботи Тайван бори дигар таъкид карданд, ки аз сиёсати “Чини воҳид” пуштибонӣ мекунанд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ алакай рӯзи 14 январи соли 2024, ҳамагӣ сооте баъди эълони натиҷаҳои интихоботи президенти Тайвандар як изҳорот аз "Чини воҳид" дифоъ кард . "Тоҷикистон бинобар ба истилоҳ интихоботи 13 январи соли ҷорӣ дар Тайвани Чин баргузоршуда, ҷонибдории комили худро аз сиёсати "Чини воҳид" изҳор медорад ва ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чинро ягона ҳукумати қонунӣ ва намояндагӣ аз ҳамаи Чин медонад", - гуфта мешавад  дар ин баёнияи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба дунболи Тоҷикистон, рӯзи 15 январи соли 2024, вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон низ ба ҳамин монанд баёнияеро дар сомонаи худ нашр намуд."Бори дигар изҳор медорем, ки мо мо аз асли "Чини воҳид" ва ин, ки Ҷумҳурии мардумии Чин ягона ҳукумати қонунии Чин будаа, Тайван қисмати ҷудонопазири Чин аст, ҳимоят мекунем",  -омадааст дар баёнияи вазорати хориҷаи Ӯзбекистон. 
Чунин вокуниши сареъ ва ҷавобгӯи хостҳои Пекин аз ҷониби Душанбеву Тошкандро коршиносон ба сатҳи вобастагии иқтисодии ҳарду кишвар аз кумаку сармоягузориҳои Чин бастагӣ медиҳанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.