расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФИРОРИ ҚОЧОҚБАРИ ТОҶИК БО МОШИНИ КОРМАНДОНИ ГУМРУКИ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО

Асосӣ / Ҷомеа

ФИРОРИ ҚОЧОҚБАРИ ТОҶИК БО МОШИНИ КОРМАНДОНИ ГУМРУКИ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО

ФИРОРИ ҚОЧОҚБАРИ ТОҶИК БО МОШИНИ КОРМАНДОНИ ГУМРУКИ ФУРУДГОҲИ ВНУКОВО 
Дар шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково бо маводи мухаддир ба даст афтода буд, бо мошини кормандони гумрук (боҷхона) фирор кардааст.
Бино ба гузоришҳои расонаҳо ва Телеграм-каналҳои Русия, шоми 11 январи соли 2024 кормандони боҷхона дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир карданд. Қочоқбар барои ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шуд ва ӯро барои гирифтани баёноташ ба шуъбаи пулис бурданӣ шуданд.
Дар роҳ ронандаи мошин ба як истгоҳи фурӯши сӯзишворӣ даромада, аз мошин баромадааст, то ки баки мошинашро пур кунад. Ҳамроҳи ӯ дигар кормандони боҷхона, ки барои интиқоли дастгиршуда сафарбар шуда буданд, низ берун баромадаанд. Марди тоҷик, бо вуҷуди онки дастонаш завлонапеч буд, аз ин фурсат истифода бурда, ба курсии пеш гузашта, сари чанбари фармони мошин нишаста, газ додааст.  Баъди чанде мошини рабудашудаи тамғаи “Lada X-Ray” дар  гузаргоҳи Бескудниково дар шимоли шаҳри Маскав, 50 километр дуртар аз фурудгоҳи Внуково пайдо карда шуд, вале касе дар дохилаш набуд...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.