расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДУЗДИИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР ПАНҶАКЕНТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДУЗДИИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР ПАНҶАКЕНТ

ДУЗДИИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР ПАНҶАКЕНТ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳҳои август-октябри соли 2023, бо мақсади дуздӣ ба хонаи истиқоматии зани 52-солаи сокини шаҳри Панҷакент даромада, аз онҷо 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ, 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун аризаи марди 26-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 10-уми декабри соли 2023, тахминан соатҳои 09:30-дақиқа, ҳангоми дар бозори “Коммунизм”, воқеъ дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи мазкур қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҷайбаш 15 ҳазору 800 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 41-солаи сокини шаҳри Кӯлоб содир намудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.