расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ТОҶИКҲОИ ХУДАШОН ПУЛ МЕКАНДАНД... ПАРВАНДАИ 4 “МАФИОЗИ ТОҶИК” ДАР РУСИЯ

Асосӣ / Муҳоҷир

АЗ ТОҶИКҲОИ ХУДАШОН ПУЛ МЕКАНДАНД... ПАРВАНДАИ 4 “МАФИОЗИ ТОҶИК” ДАР РУСИЯ

АЗ ТОҶИКҲОИ ХУДАШОН ПУЛ МЕКАНДАНД... ПАРВАНДАИ 4 “МАФИОЗИ ТОҶИК” ДАР РУСИЯ 
Сарраёсати тафтишоти шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 2 октябри соли 2023 дар саҳифаи худ дар шабакаи “ВКонтакте” аз анҷоми тафтиши парвандаи 4 зодаи Тоҷикистон – аъзои гуруҳи ҷиноии этникӣ ё қавмие хабар дод, ки ба одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ (рэкет), ғоратгарӣ ва дуздӣ айбдор мешаванд.
Бино ба фарзияи тафтишот, айбдоршавандагон рӯзи 24 октябри соли 2022 дар як парковка дар хиёбони Дунай дар канораҳои ҷанубии шаҳри Санкт Петербург ба як ҳамватани худ ҳамла карда, ӯро бо зӯрӣ ба мошини тамғаи “Рено” бор кардаанд. Онҳо ин муҳоҷири тоҷикро латтукӯб карда, бо мошин ба қаламрави вилояти Ленинград бурдаанд ва дар он ҷо бо таҳдиди куштан бо намоиши корду пистолет, пулу телефон ва  соати ӯро, ки арзишашон тақрибан 34 ҳазор рублро ташкил медод, бо зӯрӣ кашида гирифтаанд. Одамрабоён ҳамчунин тавассути телефон аз суратҳисоби гаравгон 3500 рублро ба худ интиқол додаанд ва шиносномаву ҳуҷҷатҳои дигари он марди гаравгонро низ гирифтаанд. Онҳо ҳамин тавр ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба марди гаравгон идома дода, аз вай талаб кардаанд, ки агар ба онҳо як миллион рубл надиҳад ва худро аз “шармандагӣ” халос накунад, дар борааш маълумоти бадномкунандаро паҳн хоҳанд кард. Ҷабрдида аз тарси ин таҳдидҳо эътироф кардааст, ки 800 ҳазор рубл дорад. Баъди ин гаравгонгирон ӯро ба назди як бино ба кӯчаи 10-уми Красноармейская дар як гӯшаи дигар дар қисмати шимолии Петербург овардаанд. Гаравгон дар инҷо бо ваъдаи бардурӯғи рафта овардани пул тавонистааст аз мошин баромада, аз дасти гаравгонгирҳо фирор кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.