расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳаҷҷи бидуни иҷоза. Арабистони Саудӣ беш аз 17 ҳазор нафарро ҳабс кардааст

Асосӣ / Дин

Ҳаҷҷи бидуни иҷоза. Арабистони Саудӣ беш аз 17 ҳазор нафарро ҳабс кардааст

Аз ҷумла барои риоя накардани қоидаҳо ва бидуни иҷоза ташкил намудани сафари ҳаҷ.

Мақомоти амнияти Арабистони Саудӣ зиёда аз 17 ҳазор нафарро барои кӯшиши адо намудани маросими ҳамасолаи ҳаҷ бидуни иҷоза ба ҳабс гирифтанд, хабар медиҳад Arab News.
Раиси Кумитаи амният генерал-лейтенант Муҳаммад Ал-Бассомӣ изҳор доштааст, ки ба сурати умум, 17 ҳазору 615 нафар боздошт шудаанд.
"Аз ҷумла 9 ҳазору 509 нафар вайронкунандагони қоидаҳои будубош, кор ва амнияти марзӣ, инчунин созмондиҳандагони 105 сафари қалбакӣ ба ҳаҷ дар манотиқи мухталифи шоҳигарӣ. Ҳамаи онҳо ба ихтиёри додситонӣ дода шуданд", - гуфтааст раиси Кумита.
Ӯ илова намудааст, ки 202 ҳазору 695 нафаре, ки иҷозаи ҳаҷ надоштанд, аз нуқтаҳои вуруд ба Макка ва тақрибан 129 ҳазор мошине, ки иҷозаи вуруд ба Макка ва маконҳои муқаддас надоштанд, бозпас баргардонида шудаанд.
Муҳаммад Ал-Бассомӣ гуфтааст, "33 нафаре, ки ҳоҷиёнро бидуни иҷозаи сафар ба ҳаҷ овардаанд, боздошт ва ба кумитаҳои маъмурӣ супурда шуданд ва муҷозот хоҳанд шуд".
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта дар Макка ва Мадинаи Арабистони Саудӣ маросими адои ҳаҷҷи фарзӣ баргузор шуд. Дар он беш аз ду миллион нафар иштирок карданд. Имсол бори аввал аз замони сар задани пандемияи коронавирус мақомоти Арабистони Саудӣ ба мисли шумори соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ иҷоза доданд.
Ёдрас мекунем, ки имсол Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши ҳаҷ дар соли равон барои тоҷикистониён 59 ҳазор сомониро ташкил дод, ки 1 ҳазору 520 сомонӣ арзонтар нисбат ба соли 2022 мебошад. Ба корҳои ташкили сафари ҳаҷ ба таври истисно танҳо Кумитаи дини Тоҷикистон машғул аст.
Дар инфографикаи мо метавон дид, ки чӣ шумор шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи 5 соли ахир ба адои маросими ҳаҷ рафтаанд ва барои ин чӣ қадар маблағ сарф кардаанд.

asiaplustj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.