расонаи иттилии - Ориён » . » Дин » Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Ҳаҷҷро дод

. / Дин

Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Ҳаҷҷро дод

Аз 1-уми ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи адо кардани маросими Умраро пайдо карданд.

Ҳоҷиёни тоҷик дар Мадина
Сурат: аз бойгонӣ
Подшоҳии Арабистони Саудӣ Тоҷикистонро шомили кишварҳое кард, ки шаҳрвандонашон ҳақ доранд маросими Умраро ба ҷо биоранд, гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар Кумитаи дини Тоҷикистон.
Ин тасмим дар доираи марҳилаи сеюми содатар кардани меърҳои маҳдудкунанада дар давраи ҳамагирии коронавирус гирифта шудааст.
“Мо дар расонаҳо хондем, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи Умра карданро додааст.  Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ширкатҳои “Расул” ва “Ормон”, ки ба ҳамлу нақли шаҳрвандони Тоҷикистон ба умра сару кор доранд, машғули омода кардани санадҳои лозим барои сафарбар кардани гуруҳи аввал ҳастанд”,-гуфт сухангӯйи Кумитаи дин Афшин Муқим.
Бино ба маълумоти Кумитаи дин, соли гузашта 3 ҳазору 273 шаҳрванди Тоҷикистон ҳаҷҷи Умраро анҷом дода буданд.
Вазорати Ҳаҷҷ ва Умраи Саудӣ хабар додааст, ки зоирин бояд қарантини серӯзаро ҳангоми расидан ба ин кишвар пушти сар кунанд. Ҳамчунин тибқи қоидаҳои давраи ҳамагирии коронавирус зоирин бояд пеш аз 72 соати расидан ба  Саудӣ бояд тест супорида бошанду маълумотномаи гирифтор набудан ба коронавирусро дошта бошанд.
Мувофиқи қоидаҳои нав дар ин марҳила танҳо ба шаҳрвандони аз 18 то 50-сола иҷозаи адо кардани маросими умра дода мешаваду халос. Ҳамчунин зоирини хориҷӣ имсол дар Саудӣ ба гуруҳҳо ҷудо карда мешаванд, ки як гуруҳ набояд бештар аз 50 нафар бошад.
Ёддовар мешевем, ки бар асари хуруҷи коронавирус ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.