АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа / Дин
Сафорати Арабистони Саудӣ: "Мо дар Тоҷикистон визаи Ҳаҷ намефурӯшем, раводид ройгон аст""
Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки дарёфти визои ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон ройгон аст ва иттилоъ дар бораи 500 доллар арзиш доштани ин визо ҳақиқат надорад.
Ин изҳоротро сафорати Саудӣ рӯзи 11-уми феврал кардааст, ки нусхае аз он дар ихтиёри "Азия-Плюс" қарор гирифт.
Ин изҳороти сафорат бар пайи як матлаби Радиои "Озодӣ" сурат гирифтааст, ки дар ин матлаб корманди яке аз ширкатҳое, ки зоиринро ба умра мебаранд, гуфтааст, ки $500 доллар аз пуле, ки зоирин месупоранд барои гирифтани визо ва боҷи давлатии Саудӣ масраф мешавад.
Дар изҳороти сафорати Саудӣ гуфта мешавад, ки "торномаи радиои "Озодӣ" рӯзи 5-6 феврал... маводеро таҳти унвони "Монополия ва монеаҳои сафари ҳаҷҷи умра дар Тоҷикистон" нашр карданд, ки дар он зикр шудааст, ки ҳангоми сафари ҳаҷҷи умра ҳар нафар 500 доллар барои дарёфти раводид ва боҷи Арабистони Саудӣ пардохт мекунанд".
- Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати тавзеҳи мавзуъ, изҳор менамояд, ки раводиди Ҳаҷҷи умра аз Сафорат содир мешавад ва он чи дар хабар омадааст ҳеч асосе надорад. Хусусан роқеъ ба он, ки гӯё Шоҳигарӣ барои додани раводиди ҳаҷ ва умра маблағе меситонида бошад,-омадаат дар ин изҳорот.Сафорат дар ин изҳорот таъкид мекунад, ки раводиди ҳаҷ ва умра барои ҳоҷиёну зоирини Маккаи мукаррама ройгон аст ва раводиди ҳаҷҷи умраро аз сафорат ширкатҳои мутахассис, ки аз Кумитаи дини Тоҷикистон иҷозатнома доранд, бе ягон пардохт мегиранд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш радиои "Озодӣ" дар як матлаби таҳқиқотӣ мавзуъи дар ихтиёри танҳо ду ширкат будани фиристодани зоирин ба умраро таҳқиқ кард. Бино ба ин навишта дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат - "Расул-сохтмон" ва "Ормон" ҳаққи бурдани зоиринро ба Арабистони Саудӣ доранд.
Дар суҳбат бо "Озодӣ" яке аз раҳбаландҳои ширкати "Расул-сохтмон" гуфтааст, ки "аз маҷмӯи 2100 доллар ё 24 ҳазор сомоние, ки то охири соли 2019 барои ҳаҷҷи умра талаб мешуд, ҳудуди 500 доллар виза ва боҷи Арабистони Саудӣ, 800 доллар парвози Душанбе - Дубай - Ҷидда - Дубай - Душанбе ва боқимондаи он харҷи меҳмонхонаву хӯрок ва роҳкирои дохили Арабистони Саудӣ - аз Макка ба Мадина ва мақонҳои дигари муқаддас - мешуд. Агар як шаҳрванд мустақилона сафар кунад, мумкин аст, то 500 доллар сарфа намояд, аммо машаққате мебинад, ки бештар аз 500 доллар аст",- гуфтааст ин роҳбалад.
Изҳороти ахири Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд соли ахир мавзуъи ин, ки чаро танҳо ба ду ширкат иҷоза дода мешавад, ки зоиринро ба умра бибаранд ва ширкатҳои дигари сайёҳӣ аз ин ҳақ маҳруманд, доғ шудааст.