расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод

Асосӣ / Ҷомеа

Вазири фарҳанг бо супориши Раҳмон ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод

Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода бо супориши кишвардори Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ анҷом дод.

Бар хабари котиботи вазорати фарҳанг, вазири тоҷик аз вазъи муассисаҳои соҳаи фарҳанг, маориф ва тандурустӣ аз наздик шинос шудааст.

Гуфта мешавад, Давлатзода махсусан ба деҳотҷоҳо рафта, сатҳи таъмин будани макотиб бо омӯзгорону лавозимоти мактабӣ ва ҳамчунин дастрасии мардум ба бемористону маводи дорувориро санҷида аз рӯзгори оилаҳои камбизоат дидан кард.

Зимнан, Вазири марказ дар маркази вилоят бо сокинону фаъолон ва ҷавонони шаҳр мулоқот доир намуд.

Зулфия дар суханронии хеш аз ҷумла дар мавриди самаранок истифода шудани заминҳо ва афзоиш додани истеҳсолоти маҳсулоти кишоварӣ таъкид намуд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2020 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат, Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон таъйин гардид. Давлатзода дар ин мақом Шамсиддин Орумбекзодаро иваз намуд, ки охирӣ бинобар баромадан ба нафақа бо фармони раисҷумҳур барканор шуд.

Давлатзода Зулфия худ зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, замоне роҳбари Идораи радио ва телевизиони ин вилоят ва баъдан муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон таъйин шуда буд. Аз моҳи январи соли 2020 ба ин сӯ вазифаи Вазири фарҳанги Тоҷикистонро иҷро мекунад.



Сарчашма:sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.