расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ташкили 29 қитъаи интихоботӣ дар 29 кишвар дар маъракаи интихоботи президент

Асосӣ / Сиёсат

Ташкили 29 қитъаи интихоботӣ дар 29 кишвар дар маъракаи интихоботи президент

Қитъаҳо дар назди сафорат, намояндагӣ ва консулгариҳои давлат ташкил шуданд.

Сурат: РИА Новости
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияро баргузор намуд, ки дар он масоли марбут ба омодагӣ ва баргузории интихоботи президентии ба рӯзи 11 октябр таъингардида баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти КМИР ҶТ, бо қарори Комиссия барои иштироки шаҳрвнадони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, дар 29 кишвари хориҷӣ дар назди сафорат, намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон 29 қитъаи интихоботӣ ташкил карда мешавад.

Қаблан бо қарори КМИР Тоҷикистон, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, барои баргузории интихоботи президентӣ дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ бо зикри қаламрав ва шумори пешакии интихобкунандагон таъсис дода шуда, ҳамаи онҳо рақам ва номгузорӣ карда шуданд.
Айни замон аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш - Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода) ва ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.