расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эълон тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист

Асосӣ / Сиёсат

Эълон тариқи телевизиони "Бадахшон": Ҷамъшавии сокинон ғайриқонунист


Мақомот бо нашри як эълон тариқи телевизиони маҳаллии «Бадахшон» аз сокинони ВМКБ даъват кардаанд, ки аз ҳамоиши эътирозӣ даст кашанд

Дар муроҷиатномае, ки тариқи телевизиони «Бадахшон» пахш гардид, ҷамъ омадани шаҳрвандон дар пеши бинои ҳукумати ВМКБ ғайриқонунӣ арзёбӣ шудааст.

Дар муроҷиатнома ҳушдор дода шудааст, ки ҷамъшавии ғайриқонунӣ ҷавобгарӣ дар пай дорад. Таъкид шудааст, ки ба хотири ноором нагардидани шаҳри Хоруғ сокинон аз таҷаммӯъ худдорӣ намоянду ба ободкорӣ рӯй оранд.

Дар маҷмуъ сокинони маҳаллӣ то ҳол аз марги се ҷавон дар қазияҳои ахири Хоруғ хабар доданд, ки ҷасади ду нафарашон танҳо рӯзи 27 ноябр барои дафн аз майдони пеши ҳукумати ВМКБ бурда шуданд. Мақомоти кишвар расман то ҳол дар бораи марги ягон нафаре хабар надодаанд. Алоқаи мобилию интернетӣ низ бо вилоят масдуд шудааст.

Феълан гуруҳе аз сокинони ВМКБ дар майдони пеши бинои ҳукумати маҳаллӣ таҳқиқи мунсифонаи марги ҷавонони кушташуда ва муҷозоти гунаҳкоронро талаб доранд. Чунин ҳамоишҳо дар пеши намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Аврупою ИМА ва инчунин дафтари СММ низ сурат гирифтаанд.

Ҳамоиши эътирозӣ бо талаби таҳқиқи марги Гулбиддин Зиёбеков ва муҷозоти гунаҳкорон рӯзи 25-уми ноябр оғоз гардид.
Ба иттилои мақомоти додситонӣ, Зиёбеков барои содир кардани ҷинояти гаравгонгирӣ ва барангехтани кинаю адоват дар пайгарди қонунӣ қарор дошта, ҳангоми боздошт муқобилияти мусаллаҳона нишон додаст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ захмӣ гардидааст.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.