расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Тағйироти кадрии "Толибон"*: таъйини 17 волии нав

Асосӣ / Сиёсат

Тағйироти кадрии "Толибон"*: таъйини 17 волии нав


Ҳибатуллоҳ Охундзода, роҳбари «Толибон»*, ки ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли равон ғасб кард, тағйироти кадрӣ анҷом дод

Роҳбари «Толибон»* волии 17 музофоти Афғонистонро таъйин кардааст. Дар ин бора Билол Каримӣ, ноиби намояндаи расмии «Толибон»* дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Бар асоси иттилоияи «Толибон»*, ки Каримӣ шоми 7 ноябр нашр кард, волиҳо дар Бадахшон, Пактиё, Кобул, Кундуз, Бағлон, Логар, Пактика, Бомиён, Урузгон, Фароҳ, Сари Пул, Ҷузҷон, Форёб, Майдон Вардак, Зобул, Нимроз ва Ғазнӣ таъйин гардиданд.

Инчунин таъкид шудааст, ки дар бархе вилоятҳо ноибони волӣ ва сардорони пулис низ таъйин гардидаанд.

Қудрат дар Афғонистонро «Толибон»* нимаи моҳи август ғасб карда, 7 сентябр ҳайати ҳукуматашонро эълон намуданд.

Роҳбари кобина ё худ сарвазир дар ҳукумати «Толибон»* Муҳаммад Ҳасан Охунд мебошад. Ба мақоми ноиби аввали сарвазир Мулло Бародар ва ноиби дуюми сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ таъйин шуданд.

Яке аз талаботе, ки нерӯҳои мухолифини «Толибон»* дар Афғонистон ва кишварҳои ҷаҳон дар пеши аъзои ин ҳаракат мегузоранд, ташкили ҳукумати ҳамашумул мебошад.

Сарчашма: Sputnik Tajikistan

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.