расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ

Асосӣ / Сиёсат

Дастури Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ва захираи маводи ғизоӣ


Раисҷумҳури кишвар зимни машварати корӣ ба масъулини доир ба омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ, захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, дастуру супоришҳо додаасст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо иштироки мақомоти олии кишвар, машварати корӣ баргузор кард.

Тибқи дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар дар машварати корӣмасъалаҳо вобаста ба таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омодабошӣ барои зимистонгузаронӣ дастур додааст.

Ҳамзамон раисиҷумҳур барои захираи кофии маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармӣ, супоришҳо додааст.

Эмомалӣ Раҳмон алоҳида ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дахл кардааст.

Вобаста ба авзои ҷомеа, тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва камобӣ ба таври кофӣ захира кардан ва истифодаи сарфакоронаи маводи хӯрокворӣ ва худдорӣ намудани аҳолӣ аз маъракаҳои серхароҷот, президент супоришҳои мушаххас додааст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.