расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард

Асосӣ / Сиёсат

Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард


Яке аз нахустин қарорҳои кабинаи нави вазирони Қирғизистон бозкушоии марзҳо шуд

Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард, хабар додааст муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар саҳифааш дар Twitter.

«Яке аз аввалин қарорҳои Девони Вазирони нав ифтитоҳи сарҳад барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд — пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои бародари мо буд».

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии моҳи апрел марзҳояшро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.

Ҷониби Қирғизистон яке аз шартҳои бозкушоии марзро анҷоми аломатгузорӣ дар сарҳади ду давлат гуфта буд.

Муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби «Головной», ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.

Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.

Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.

Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.

Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.