расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИМРОН ХОН БАЪДИ БАҲСИ ТӮЛОНӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТУГӮРО БО ТОЛИБОН ШУРӮЪ КАРДААСТ

Асосӣ / Президент / Сиёсат

ИМРОН ХОН БАЪДИ БАҲСИ ТӮЛОНӢ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ГУФТУГӮРО БО ТОЛИБОН ШУРӮЪ КАРДААСТ

Cарвазири Покистон Имрон Хон рӯзи 18 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер навишт, «баъди мулоқот бо роҳбарони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон дар Душанбе ва бахусус баъди баҳсҳои тӯлонӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ман алакай гуфтугӯро бо Толибон дар масъалаи таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо шурӯъ кардам.”



Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд. Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард. Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд.”
“сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд.”
“Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, 
“як масъалае, ки Покистон ва Тоҷикистонро нигарон кардааст, ин масъали низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва Толибон мебошад.”
“Мо тавофуқ кардем, ки ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз нуфузи таъсири худ ба тоҷикҳои Афғонистон тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод ва мо аз тарафи худ бо таъсире, ки ба паштуҳо ва Толибон дорем, тамоми кӯшишамонро хоҳем кард, ки сулҳу оштӣ дар Афғонистон аз роҳи муколама ва гуфтугӯ ба даст биояд.”



Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.