расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Нозири барқ дар "Тоҷикматлубот" пули ҷамъкарда аз соҳибкоронро дар ҷайб задааст

Асосӣ / Ҷомеа

Нозири барқ дар "Тоҷикматлубот" пули ҷамъкарда аз соҳибкоронро дар ҷайб задааст


Оҷонсии зиди фасод нозири барқро дар он муттаҳам мекунад, ки пули истифодаи барқи соҳибкоронро на ба давлат, балки ба ҷайби худ андохтааст

Пуле, ки соҳибкорони ҷамъияти «Тоҷикматлубот» аз истифодаи неруи барқ пардохтаанд, нозири барқ азхуд кардааст, менависад дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод.

Ба иттилои манбаъ, намудааст мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ «Тоҷикматлубот» буда, аз моҳи марти соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 ба тасарруфи маблағи ин корхона аз ҳисоби истифодаи неруи барқ муттаҳам дониста мешавад.

Номбурда аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдо, ки ба ҷамъияти мазкур дохил мешаванд, беш аз 500 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ намудааст.

«Маблағи 586116,67 сомонии ҷамъовардаро ба „Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе“ пардохт накарда, ҳамаашро ба манфиати шахсӣ масраф намудааст», — омадааст дар хабар.

Оҷонсӣ меафзояд, аз рӯи ин далел нисбати нозири барқ бо моддаи 245 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда.
Пас аз анҷоми тафтиш парвандаи ӯ ба суд ирсол мешавад, таъкид мешавад дар хабари Оҷонсӣ.

Масъалаи тасарруфи маблағ аз ҳисоби нозирони барқ дар Тоҷикистон бисёр доғ аст. Моҳи феврал прокурори генералии Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон аз ҳолатҳои зиёди дуздии нозирони барқ ва ифтитоҳи парванда нисбати 12 нафар хабар дода буд.

Ба гуфтаи ӯ, вобаста ба дуздии маблағи мардуму корхонаҳо 1412 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.