расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд

Асосӣ / Сиёсат

Толибон “зодгоҳ”-и сулҳи тоҷиконро забт карданд


Нерӯҳои ҳаракати Толибон (мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон) минтақаи Чамани Хусдеҳ дар вилояти Тахори Афғонистонро забт карданд

Муҳибуллоҳ Нурӣ, яке аз раҳбарони низомиву сиёсие, ки ҳоло дар маҳалли даргириҳо қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Чамани Хусдеҳ се рӯзи пеш аз сӯи Толибон забт шуда буд.

«Дар пайи талоши нерӯҳои ҳукуматӣ ва муҷоҳидини маҳал он дигарбора ба тасарруфи мо даромад, аммо дирӯз онҳо дигарбора таарруз карданд ва Чамани Хусдеҳ бо Санги Оташу дигар манотиқро дигарбора забт карданд. Ҳоло мо барои озод кардани ин манотиқ барнома гирифтаем ва бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ бо Толибон даргир ҳастем», — гуфт Муҳибуллоҳ Нурӣ.

Хусдеҳ як деҳае дар вулусволии Фархори вилояти Тахори Афғонистон аст, ки дар замони муқовимат алайҳи Толибон ва терроризми байнулмилалӣ пойгоҳи муҳимтарини неруҳои Ҷабҳаи Муттаҳид, ба истилоҳи дигар, Эътилофи Шимоли таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҳисоб мерафт.

Чамани Хусдеҳ як ҷойи хушобу ҳаво буда, дар канори ин деҳа ҷойгир аст ва дар гузашта тафреҳгоҳи шоҳони Афғонистон будааст.
Аммо Хусдеҳ дар таърихи Тоҷикистон як макони таърихиест, ки 10 — 11 декабри соли 1996 мизбони мулоқоти сеюми роҳбарони ҳукумату мухолифини тоҷик буд. Дар анҷоми ин мулоқот ҷонибҳои тоҷикӣ як изҳороти муштарак пахш карданд ва протокол «Дар бораи танзими авзои низомию сиёсии минтақаи муқовимат» — ро ба имзо расонданд.

Ин мулоқот, ки бо ибтикори Бурҳонуддини Раббонӣ, президент ва Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъи вақти Давлати исломии Афғонистон, баргузор шуда буд, як нуқтаи гардишӣ дар музокироти сулҳи тоҷикон арзёбӣ мешавад, зеро пас аз он шиддати ҷангҳо дар дохили Тоҷикистону сарҳадаш бо Афғонистон бамаротиб поён омад ва роҳ ба сӯи сулҳ кушода шуд.

Тайи як моҳи ахир Толибон аз 16 13 вулусволии вилояти Тахорро забт карданд. Се вулусволии дигар — Фархор, Варсач ва Калафгон, ҳамчунин шаҳри Толиқон — маркази вилоят ҳанӯз дар ихтиёри ҳукумати Афғонистон аст.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.