Наҷиб Фаҳим: Агар Масъуд зинда мебуд…

сентябр аз марги шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд 18 сол сипарӣ шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 2001 ин Қаҳрамони миллии Афғонистон, ки дар сулҳи тоҷикон нақши носутурданӣ дорад, мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифт ва дар яке аз беморхонаҳои Тоҷикистон ҷон дод. Ба ин муносибат дар зер муоҳибаи Одили Нозирро бо Наҷиб Фаҳим, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиии ҶИА, ки солҳои тӯлонӣ дар паҳлуи Масъуди қаҳрамон буд, доир ба шахсият ва хизматҳои Аҳмадшоҳи Масъуд манзури хонандагон мекунем.
-Шумо кай бори нахуст бо номи Аҳмадшоҳи Масъуд ошно шудед ва чӣ ангеза дод, ки ба сафи муҷоҳиддин пайвандед?-Ман аз ҷавонии худ, ки ба солҳои 80-уми мелодӣ рост меояд, бо номи Масъуд ошно шудам. Дар он даврон Артиши Шӯравӣ ба хоки
-Бубинед, ҷабҳае, ки Омир Соиб – мо Масъудро чунин ном мебурдем, — роҳбарӣ мекард, фақат ба ҷанг маҳдуд намешуд. Дар паҳлуи ҷанг мо фаъолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, кашшофӣ ва робита бо мардум низ доштем. Мо — таҳсилдидаҳо бештар дар фаъолиятҳои сиёсӣ ва робита бо мардум ҷалб шуда будем. Вале дар сурати зарурат силоҳ ҳам гирифта меҷангидем.
-Албатта, на он гунае, ки ҳозир ҳаст… Барои Афғонистони имрӯз Аҳмадшоҳи Масъуд ва шаҳид Раббонӣ беш аз пеш лозиманд, зеро дирояте ки дар эшон буд, моро, мардуми моро умедвор мекард. Ҳоло чӣ? Вазъро хуб медонед…