расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рух додани 2 садамаи нақлиётии марговар

Асосӣ / Ҳаводис

Рух додани 2 садамаи нақлиётии марговар


Рӯзи 24-уми июни соли 2021, тахминан соати 9:30–дақиқа, ронандаи мотороли тамғаи чинӣ, Джумаев Фурқатҷон Раҳматжонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Балх ба самти ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур, ба қафои дучархарон, Холов Дӯстмурод Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрда, баъдан ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Соҳибназаров Қаюмҷон Мирзоназарович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрдааст. 

Дар натиҷа, дучархарон Холов Д. М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 23-юми июни соли 2021, тахминан соати 20:20–дақиқа, ронандаи воситаи тамғаи «Квадратсикл», Акрамов Ғолиб Ҳасанович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиевии шаҳри мазкур ба самти муқобили роҳ баромада ба воситаи нақлиёти тамғаи «Хундай-Соната», таҳти идораи Назиров Шокирҷон Музаффарович, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳр бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи воситаи тамғаи «Квадратсикл», Акрамов Ғ.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Сарчашма: vkd.tj

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.