расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ширкати “Аэрофлот”-и Русия ҳам барои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт

Асосӣ / Сиёсат / Муҳоҷир

Ширкати “Аэрофлот”-и Русия ҳам барои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон иҷоза гирифт


Ширкати ҳавопаймоии «Аэрофлот"-и Русия ба иҷрои парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта, то ин дам ба Маскав ду парвоз анҷом дод.

Шумори парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни Русия зиёд шуд, хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ.

Ситоди ҷумҳуриявии тақвияти тадбирҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 ба ширкати «Аэрофлот» барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза дод. Ширкат то ин дам аллакай рӯзҳои 22 ва 23 июн бо самти Душанбе-Шереметево ду парвоз иҷро кард», — изҳор доштанд дар Агентӣ.

Ҳамчунин дар Агентӣ зикр карданд, ки пас аз анҷоми ду парвоз ҳоло ширкат бо дархости иҷрои парвозҳои дигар муроҷиат накардааст.
»Агар «Аэрофлот» бо дархости иҷрои парвозҳо муроҷиат кунад, бемамониат иҷоза мегирад», — гуфтанд дар Агентӣ.

Тибқи маълумоти Агентии авиатсияи граждании кишвар, айни замон аз Тоҷикистон ба 33 шаҳри Русия парвозҳо анҷом дода мешаванд. Парвозҳои доимӣ танҳо аз Душанбе ба Маскав сурат мегиранд.

То «Аэрофлот» дигар ширкатҳои ҳвопаймоии Русия — «Азур Эйр», «Северный ветер», S7 Airlines, «Уральские авиалинии»,  Utair ва «Ямал» аз Тоҷикистон ба Русия парвозҳо иҷро мекарданд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи май Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ нархи ниҳоии билетҳои ҳавопаймоиро дар сатҳи на бештар аз 500 доллар муқаррар кард.

Он замон аз шаҳрвандон дархост шуда буд, ки дар сурати аз нархи 500 доллар зиёдтар фурӯхта шудани билетҳо, дарҳол ба Агентии авиатсияи гражданӣ ё ба телефони боварии 236-53-34 муроҷиат кунанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.